“Истиқлол” дар бозии дуюми Лигаи қаҳрамонҳои КФО-200 низ шикаст хӯрд

Қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар вохӯрии дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО)-2022 низ ба шикаст дучор шуд. Дар даври дуюми бозиҳо дар гуруҳи “А” тими “Истиқлол” бозиро бо дастаи “Шарҷа”-и Аморот Муттаҳидаи Араб боҳисоби 1:2 бохт, ҳарчанд дар аввал ҳисоби бозиро кушода буд. Муаллифи голи ягона аз “Истиқлол” дар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар вохӯрии дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО)-2022 низ ба шикаст дучор шуд.

Дар даври дуюми бозиҳо дар гуруҳи “А” тими “Истиқлол” бозиро бо дастаи “Шарҷа”-и Аморот Муттаҳидаи Араб боҳисоби 1:2 бохт, ҳарчанд дар аввал ҳисоби бозиро кушода буд. Муаллифи голи ягона аз “Истиқлол” дар ин вохӯрӣ Манучеҳр Ҷалилов аст.

Бозии навбатии худро (даври сеюм) дар мусобиқаи асосии футболи Осиё байни дастаҳо “Истиқлол” рӯзи ҷумъа, 15 апрел бо пешсафи гуруҳи “А” – тими “Ал-Ҳилол” аз Арабистони Саудӣ мегузаронад, ки дар ду бозии аввали гуруҳ пайиҳам ду ғалаба ба даст овард.

Ёдрас мекунем, ки дар вохӯрии аввали марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 “Истиқлол” бо ҳисоби 2:3 аз дастаи “Ар-Райён”-и Қатар шикаст хӯрда, тӯбҳоро аз “Истиқлол” ба дарвозаи ҳариф дар ин бозӣ Шаҳром Сулаймонов ва легионери ӯзбек Муҳамад Исоев ба самар расониданд.

Бозиҳои боқимонда:

15 апрел. «Ал-Ҳилол» – «Истиқлол»

19 апрел. «Истиқлол» – «Ал-Ҳилол»

23  апрел. «Ар-Райян» – «Истиқлол»

27  апрел. «Истиқлол» – «Шарҷа»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа пас аз ду давр:

Қобили зикр аст, ки бозиҳои марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар гуруҳи “А” дар Арабистони Саудӣ ҷараён доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.