РВКД: “Боздошти ҷавон дар фурудгоҳи Душанбе “облава” нест”

Навори видеоии нашршуда рӯзи 9 апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи боздошти як ҷавон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба “сарбозшикор” ё худ “облава” ҳеҷ муносибате надорад, изҳор мекунад Раёсати ВКД дар пойтахт. “Ин муноқиша байни ҷавонон буда, зимни санҷиш маълум шуд, ки ҷавони гӯиё ба “облава” афтода сокини 29-солаи ноҳияи Восеъ Исмон Назаралиев мебошад, ки […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Навори видеоии нашршуда рӯзи 9 апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи боздошти як ҷавон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба “сарбозшикор” ё худ “облава” ҳеҷ муносибате надорад, изҳор мекунад Раёсати ВКД дар пойтахт.

“Ин муноқиша байни ҷавонон буда, зимни санҷиш маълум шуд, ки ҷавони гӯиё ба “облава” афтода сокини 29-солаи ноҳияи Восеъ Исмон Назаралиев мебошад, ки соли 2018 хизмати ҳарбиро адо кардааст. 10 январи соли ҷорӣ нисбати ӯ ба гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани мавод ё предметҳои порнографӣ парванда боз шуда, аз ҷониби шуъбаи милитсияи ноҳияи Восеъ Назаралиев аз 19 феврал мавриди ҷустуҷӯи расмӣ эълон шудааст”, – зикр мешавад дар хабари Раёсати ВКД-и пойтахт.

Бино ба маълумоти Раёсат, Назаралиев айни замон ба ҳабс гирифта шуда, зери тафтишот қарор дорад.

Гуфта мешавад, ду нафари дигари иштирокчии муноқиша сокини 28-солаи шаҳри Бохтар Бежан Саидов ва сокини 24-солаи пойтахт Фаридун Ҳалимзода мебошанд, ки нисбати боздоштшуда “хусумати шахсӣ” доштаанд.

“Ҷавонон бо мақсади қасосгирӣ барои паст задани шаъну эътибори ҷавонзани хешашон, ки суратҳои маҳрамонаи ӯро боздоштшуда дар шабакаи интернет паҳн кардааст, бо Назаралиев ба муноқиша пардохтаанд”, – изҳор доштанд ба “Азия-Плюс” дар РВКД пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, ин ду нафар низ барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт шудаанд. Нисбати онҳо мутобиқи моддаи 460 (майдаавбошӣ) протоколи маъмурӣ тартиб ва ҷазои маъмурӣ дода шудааст.

Милитсияи Душанбе аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки бо мушоҳидаи чунин наворҳо ба ҳар гуна хабару овозаҳои носаҳеҳ эътимод накунанд ва ҷиҳати чораҷӯӣ ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.

Ёдрас мекунем, ки дар навори видеои рӯзи 9 апрел нашршуда лаҳзаи боздошти як ҷавон дар фурудгоҳи Душанбе сабт шудааст, ки ду нафар ҷавони дигар ӯро бо сумкаааш дар даст нигоҳ медоштанд.

Ин навор боиси шарҳҳои тезутунд дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардида, корбарон аз мақомот талаб карданд, ки ба ҳодисаҳои “облава” байни шаҳрвандони синнусоли даъват ба хизмати ҳарбӣ хотима бахшида шавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ маъракаи даъвати баҳорӣ (1 апрел – 31 май) ба хидмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷараён дошта, то 11 апрел нақшаи даъват 40% иҷро шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.