Кӯлоб: соҳибкоре дар мағозааш “Гӯшаи хайр” боз кард ва ба ниёзмандон маҳсулоти ройгон медиҳад

Date:

Дар Кӯлоб як соҳибкор, дар мағозааш “Гӯшаи хайр” кушода, дар ин гӯша молу маҳсулоти ниёзи аввалро мегузорад, то мардуми фақир ва ниёзманд аз ин гӯша маҳсулоти хӯрокиро  ройгон дарёфт кунанд.

Ин мағоза бо номи “Ҳафт бародарон” дар кӯчаи 1-уми майи шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст ва Абдураҳмон Абдулазизов, молики ин мағоза мегӯяд, ки се сол аст чунин иқдомро дар моҳи Рамазон роҳандозӣ мекунанд.

“Ин соли сеюм аст, мардуми ниёзманд хеле ҳастанд. Барои ҳамин мо дар ин гӯша навиштаем, ки як кас ҳақ дорад танҳо як маҳсулот бигирад. Мо аз мардуми дигар ҳам даъват кардаем, ки биёянду дар ин гӯшаи мо саҳм гузоранд. Ин гуна бародарон ҳам кам нестанд. Холӣ шуд, онҳо харида пур мекунанд”,-мегӯяд соҳиби мағоза.

МЕДИА (YOUTUBE)

Соҳибони ин мағоза ин гӯшаро дар замони ҳамагирии вируси куруно ҳам ташкил карда буданд. Ҳоло масъулони ин ибтикор кортҳои онкӣ низ боз кардаанд ва аз онҳое, ки мехоҳанд ба мардуми ниёзманд ёрӣ бирасонанд, хостаанд ба ин кортҳо пул гузаронанд, то онҳо харида ин гӯшаро доимо пур нигаҳ доранд.

Иқдоми соҳибони ин мағоза дар шабакаҳои иҷтимоӣ истиқболи гарм шуда, хелеҳо изҳори омодагӣ кардаанд, ки саҳмгузорӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...