Тамом, муҳоҷирони тоҷик аз Русия нафақа мегиранд. Порлумон шартномаро тасвиб кард

Баъди талошҳои зиёд парлумони шартнома миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди нафақаи муҳоҷиронро ба тасвиб расонид. Ин тарҳ яке аз тарҳҳои пурсарусадои солҳои ахири Тоҷикистон дар баҳси муҳоҷирон бо Русия буд. Дар ин бора хабарнигори "Азия-Плюс" аз порлумон хабар медиҳад. Ҳоло интизор меравад, ки аз ин ба баъд муҳоҷирони кории тоҷике, дар Русия кор мекунанду суғуртаи иҷтимоӣ меккнанд, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Баъди талошҳои зиёд парлумони шартнома миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди нафақаи муҳоҷиронро ба тасвиб расонид. Ин тарҳ яке аз тарҳҳои пурсарусадои солҳои ахири Тоҷикистон дар баҳси муҳоҷирон бо Русия буд. Дар ин бора хабарнигори "Азия-Плюс" аз порлумон хабар медиҳад.

Ҳоло интизор меравад, ки аз ин ба баъд муҳоҷирони кории тоҷике, дар Русия кор мекунанду суғуртаи иҷтимоӣ меккнанд, аз ин кишвар нафақа мегиранд.

Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки имрӯз дар ҳузури вакилон ин шартномаро муаррифӣ мекард гуфт, ки ин шартнома соли 2014-15 аз ҷониби Русия омода шуда буд ва тӯли ин солҳо дар ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон баррасӣ шуд ва ниҳоят қабул шуд.

"Дар ин давра 7 маротиба гуфтушуниди байни масъулини Тоҷикистон ва Русия баргузор шуда буд, ки ниҳоят моҳи марти соли гузашта ба ин масъала нуқта гузашта шуд",-гуфт Давлатзода.

Бар асоси ин шартнома, шаҳрвандони Русия, ки низ дар Тоҷикистон кор мекунанд ва суғуртаи иҷтимоӣ кардаанд аз ҷониби Тоҷикистон ба онҳо нафақа пардохт мешавад. Ҳамин тариқ, вақте шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор кунаду баъд ба Тоҷикистон омада бознишаста шавад, қисмати кор дар Русия ҳам вақти ба нафақа баромадан ба назар гирифта мешавад.

-Талабот барои ҳарду кишвар як аст. Шаҳрвандон бояд дар кишваре ки кор мекунанд, андози иҷтимоӣ пардохт карда бошанд. Яъне,  андозаи нафақа аз ҳаҷми пардохти андози иҷтимоӣ ва собиқаи корӣ, бастагӣ дорад, гуфт Давлатзода

Нафақаи ин нафарон ҳам аз сӯй Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби Русия пардохт мешавад. Яъне аз ду тараф нафақа мегирад, агар дар Русия зиндагӣ кунад, нафақаи Тоҷикистонаш ба Русия гузаронида мешавад,-гуфта шуд дар шарҳе баъзе нукоти шартнома.

Масъалаи пардохти нафақа ба муҳоҷирони тоҷик як аз баҳсҳои доманадори Тоҷикистону Русия буд, ки солҳо дар ниҳодҳои марбутаи ду кишвар баҳс мешуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.