Тимур Зулфиқоров: Аз шаҳрҳои бузург намешавад бо Худо муноҷот кард

Тимур Зулфиқоров қаҳрамони ин бори маҳфили “ Дар суҳбати адиб” аст. Чорабини мазкур дар Китобхонаи миллӣии Тоҷикистон бо ҳузури адибону фарҳангиён ва даҳҳо донишҷӯ баргузор шуд. Дар маҳфил дар мавриди ҳаёту фаъолият ва рӯзгору эҷодиёти шоир, нависанда ва драматурги бузурги тоҷик суҳбат ороста шуд. Тимур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар Душанбе ба дунё омадааст. Сенарияи филмҳи  “Рояли […]

Тимур Зулфиқоров қаҳрамони ин бори маҳфили “ Дар суҳбати адиб” аст. Чорабини мазкур дар Китобхонаи миллӣии Тоҷикистон бо ҳузури адибону фарҳангиён ва даҳҳо донишҷӯ баргузор шуд.

Дар маҳфил дар мавриди ҳаёту фаъолият ва рӯзгору эҷодиёти шоир, нависанда ва драматурги бузурги тоҷик суҳбат ороста шуд.

Тимур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар Душанбе ба дунё омадааст. Сенарияи филмҳи  “Рояли Сафед”, “Ошпаз ва овозхон”, “ Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад”, “Мурғи сиёҳ”, “Саробҳои Ишқ”, “ Ишқи аввали Насриддин”, “Бозгашти Хоҷа Насриддин” ва “Пешхидмат бо лаълии тилло”  ба қалами ӯ таалуқ дорад.  

Тимур Зулфиқоров ҳамчунин муаллифи 30 китоб аст, ки ҳар кадоме аз онҳо ба 12 забони хориҷӣ тарҷума шудасту шумори  нашрашон ба милионҳо адад мерасад.

Солҳои 1990 ва 2010 номзадии Темур Зулфиқоровро як нашриёти русӣ барои дарёфти ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт пешниҳод карда буд. Ӯро аз рӯйи  навишатҳош, ки ба сабки Данте шоиру нависандаи маъруфи итолиёӣ монанд аст, Данте- и тоҷику рус мегӯянд. 

Баъди хатми мактаби миёна, ӯ ба Русия рафт ва тақрибан 60 соли ҳаёти худро онҷо сипарӣ кард. Аксари маҳсули қалами худро низ ӯ дар Русия навиштааст.

Ҳамагӣ чанд соле қабл Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон  ӯро ба кишвар даъват карду барояш хонаву бӯстонсаро тақдим намуд. Худи ӯ мегӯяд, баъди баргшатан мехоҳад идомаи ҳаёташро дар зодгоҳаш гузаронад, чун шаҳрҳои калон барои адибону навсандагон имкон намедиҳанд то бо  Худо муноҷот кунанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.