Фарангези мо тӯли ҳафта шабакаҳои иҷтимоиро аз назар гузаронид ва хабарҳои аз ҳама хушу ҷолибро барои шумо интихоб кард. Ва имрӯз дар барномаи ҳафтаинаи Shabaka:
Блогнависони оянда кистанд? Дар Душанбе як омӯзиши махсусе барои “тиктокерон”-у “инстаграмчӣ”-ҳои навкор гузашт.
Ҷонибек Муродов ба Дубай рафт. Чаро? Мусоҳибаи махсуси мо бо ӯ дар он шаҳри гарм.
Меҳринигори Рустам тарзи ҳаёти солимр оинтихоб кард. Ин чӣ маъно дорад?
Гуруҳи «Авесто» намоҳанги нав ба суруди тозаи худ дар бораи Душанберо намоиш дод. Мардум онро чӣ гуна пазируфт?
Баъди танаффуси тӯлонӣ – Абдурозиқ чӣ гуна суруд омода карда истодааст?
Нигоҳ ба таърихи хеш. Диловар Сафаров филми кӯтоҳ дар бораи Бухоро пешкаш кардааст. Наворҳо дар худи шаҳри бостонӣ бардошта шудаанд.
Ин ва дигар хабарҳо дар барномаи мо.