Буҷети Тоҷикистон 25 млн доллар барзиёд иҷро шуд

Ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 7,1 млрд сомонӣ (570 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда 4,5% ё худ 310 млн сомонӣ (ҳудуди 25 млн доллар) зиёдтар аз нақшаи дақиқшуда мебошад. Барзиёд иҷро шудани нақшаи буҷет ба афзоиши баланди воридоти маблағ аз пардохти андозҳо, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 7,1 млрд сомонӣ (570 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Ин нишондиҳанда 4,5% ё худ 310 млн сомонӣ (ҳудуди 25 млн доллар) зиёдтар аз нақшаи дақиқшуда мебошад.

Барзиёд иҷро шудани нақшаи буҷет ба афзоиши баланди воридоти маблағ аз пардохти андозҳо, ки ҳиссаи он дар қисмати даромади буҷет беш аз 72%-ро ташкил медиҳад, марбут дониста мешавад.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ҳиссаи пардохти андозҳо дар буҷети ҷумҳурӣ 68%-ро ташкил дода буд.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми воридоти маблағ аз пардохти андозҳо танҳо дар зарфи ду моҳи аввали соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 18,1% (507 млн сомонӣ) афзудааст.

Маблағи пардохти андоз дар ин давра зиёда аз 3,3 млрд сомониро ташкил додааст, ки 3,4% зиёдтар аз нақшаи дақиқшуда мебошад.

Барзиёд иҷро шудани нишондиҳандаҳо тариқи афзоиши пардохти андозҳои асосӣ – ААИ, аксиз ва андоз аз даромад (пештар – андоз аз даромад ва андоз аз фоида) таъмин шудааст.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 январи соли ҷорӣ Кодекси нави андоз мавриди амал қарор гирифт, ки дар он аз рӯи баъзе андозҳо меъёрҳои сабуктар зикр шудааст. Масалан, меъёри стандартии ААИ, ки беш аз 40% аз воридоти маблағ аз андозҳоро дар буҷет ташкил медиҳад, аз 18% то ба 15% поин рафтааст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2022 афзоиши даромадҳо ба буҷетро дар сатҳи 19,4% пешбинӣ кардааст.

Қобили зикр аст, ки қисмати даромади буҷети давлатии Тоҷикистон ба маблағи 33 млрд сомонӣ (2,5 млрд доллар) тасдиқ шудааст.

Сарчашмаҳои асосии воридоти маблағ ба буҷети Тоҷикистон ҳамеша андозҳо дониста мешаванд, ки ҳиссаи солонаи онҳо дар даромад ба “ҳамёни асосӣ”-и кишвар тайи даҳсолаи ахир (солҳои 2012-2021) ба ҳисоби миёна 68%-ро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.