Мардикор пойи луч марафонро давида, ба кор даъват шуд

Date:

Дар ниммарафони анъанавии Душанбе, ки ба ифтихори Рӯзи пойтахт 16 апрел гузаронида шуд, сокини Ҳисор Далер Раҳимови 34-сола, ки ба мардикорӣ машғул аст, 21 километру 97 метр масофаи ниммарафонро тай намуда, дар ҳамин ҳол, дар моҳи шарифи Рамазон рӯзадор ҳам буд.

Ӯ на сарулибоси варзишӣ дошту на пойафзол ва тамоми масофаро пойи луч тай кард, ҳарчанд баъдан худаш изҳор намуд, ки бо пойи луч давидан барои ӯ бароҳаттар аст ва имкон ҳам дорад, ки пойафзоли муносиб барои худ харад.

Дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳрдории Душанбе ба Далер ба ӯ маҷмӯи сарулибос ва пойафзоли варзишӣ туҳфа карда, ваъда доданд ки расман ба кор қабул мекунанд.

Далер дар як сохтмони хусусӣ кор карда, чоҳи таҳкурсӣ меканад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Дар маҳалҳои сераҳолӣ чунин мешавад, ки мошинҳои калон гузашта наметавонанд. Дар инҳо одатан одамонро барои кофтани чоҳ барои таҳкурсии хонаи оянда киро мекунанд, – мегӯяд Далер. —Дар ҳама ҷо замин нарм нест. Махсусан, дар Ҳисор аксар вақт санглох буда, лозим меояд, ки дар давоми якчанд рӯз бо белу чок чуқурии зарурӣ кофта шавад”.

Лекин, ба қавли вай, дигар илоҷ нест – лозим меояд, ки бо кори вазнини ҷисмонӣ машғул шавад, то ки рӯзгори оилаашро таъмин кунад.

“Ду духтар дорам ва калониаш мактаб мехонад. Оиларо бо ҳама чизи зарурӣ таъмин кардан лозим аст, то ки кӯдакон ба хӯроку сарулибос эҳтиёҷ надошта бошанд”, – мегӯяд ӯ.

Номбурда зикр кард, ки вақте ки фармоиши кофтани чоҳи таҳкурсӣ нест, ӯ ба аробакашӣ дар бозор машғул шуда, борҳои вазнин, аз қабили 4-5 халта ордро аз бозор то нонвойхона мекашонад. Инчунин ба аробааш молу маҳсулоти гуногун гирифта, онҳоро дар ҷойи серодам мефурӯшад.

Айни замон ӯ ба сифати боғбон дар расадхона (обсерватория)-и маҳаллӣ ба кор машғул аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба ӯ дар Кумитаи варзиш ҳам кор ваъда карданд, лекин маълумот надорад. Аз ин рӯ, онҳо барояш кори муносиб меҷӯянд, то ки дар оянда ба давидан ҳам машғул шуда тавонад, зеро нишондиҳандаҳои ҷисмониаш имкон медиҳанд, ки дар мусобиқаҳои давидан ба масофаҳои дур иштирок кунад.

“Пас аз иштирок дар ниммарафон маро ба Кумитаи варзиш ба Душанбе даъват карданд. Дар пойтахт бо намояндаи Кумитаи варзиш вохӯрда, ӯ кор ёфтанро ваъда дод, – мегӯяд Далер. – Ҳоло боз ба кофтани таҳкурси бино меравам”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...