Федератсияи футбол дастаи “Истаравшан”-ро 1000 ва “Файзканд”-ро 500 сомонӣ ҷарима баст

Date:

Федератсияи футболи Тоҷикистон тими “Истаравшан”-ро барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ, рафтори нодуруст 1000 сомонӣ ва дастаи “Файзканд”-ро бо сабаби риоя накардани талаботи низомнома дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон ҷарима баст.

Ин қарор дар ҷаласаи Кумитаи назорат ва интизомӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 25-уми апрел дар он қонуншиканиҳо дар  ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистонро баррасӣ карданд ҳосил шуд.

 Тими “Истаравшан”-ро ба он хотир 1000 сомонӣ ҷарима бастаанд, ки ин даста 23-уми апрел зимни бозӣ бо тими «Регар-ТадАЗ» чанд талаботи моддаҳои кодекси интизомии ФФТ-ро вайрон кардааст. Ин ду даста он рӯз дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олӣ байни ҳам бозӣ карда буданд.

ФФТ гуфт, тими “Истаравшан” дар ин бозӣ талаботи моддаи 5, банди 12-и Кодекси интизомиро вайрон кард. Яъне ин даста барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии дастаи меҳмон (рафтори нодурусти ҳайати шахсӣ, дар ин ҳолат ҳайати ёрирасоне, ки ҷарроҳатбардоштаро аз майдон интиқол медоданд) ҷарима баста шудааст.

Инчунин барои риоя накардани чанд моддаи дигари кодекси интизомии ФФТ бозигари дастаи «Истаравшан» Умед Муқумов аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум карда шуд. Ӯро дар барқасдона задани  рақиб аз бозиҳо маҳрум сохтанд. ФФТ мегӯяд, “занбарккаше, ки бозигари «Регар-ТадАЗ»-ро задааст, футболбози  дастаи эҳтиётии «Истаравшан» будааст”.

Инчунин барои риоя накардани шарту талаботи Низомномаи мусобиқа дар бозии Coca-Cola-чемпионати-2022 байни дастаҳои Лигаи олӣ тими “Файзканд” ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима карда шудааст. Ин даста 24-уми апрел зимни бозӣ бо тими “Хатлон” талаботи муқсобиқаро вайрон кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...