Рустами Эмомалӣ сармеъмори Душанберо иваз кард

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ чанде пеш, рӯзи 25 апрел сармеъмори пойтахтро иваз кард. Бо қарори раиси пойтахт Қосим Усмонзода бо хоҳиши худаш аз вазифаи сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт озод карда шудааст, хабар медиҳад шаҳрдорӣ. Дар бораи сабаби тағйироти кадрӣ хабар дода намешавад. Минбаъд низ ӯ ба чӣ кор машғул хоҳад шуд, маълум […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ чанде пеш, рӯзи 25 апрел сармеъмори пойтахтро иваз кард.

Бо қарори раиси пойтахт Қосим Усмонзода бо хоҳиши худаш аз вазифаи сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт озод карда шудааст, хабар медиҳад шаҳрдорӣ.

Дар бораи сабаби тағйироти кадрӣ хабар дода намешавад. Минбаъд низ ӯ ба чӣ кор машғул хоҳад шуд, маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, ба ҷойи ӯ Сами Азимиён, ки қаблан ба ҳайси директори КВД “Душанбешаҳрсоз” кор мекард, таъин шудааст. Дар бораи ба ҷойи Азимиён кӣ таъин шудан ҳам маълумот дастрас нест.

Баҳси Нақшаи генералӣ ё “Генплан”-и пойтахт, ки мувофиқи он биноҳои кӯҳна тахриб шудаву биноҳои нав сохта мешаванд, чанд соли охир доғ аст.

Зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Зувайдзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки “Нақшаи генералӣ ҳуҷҷатест, ки дар он самтҳои стратегии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва қаламрави маҳаллаҳои аҳолинишин муайян карда мешаванд ва ин ҳуҷҷати махфиест, ки набояд нашр шавад”.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи Нақшаи генералӣ, ҳамаи бинои якошёнаи манзилҳо ё ҳавлиҳо, ки дар маркази пойтахт ҷойгиранд, давра ба давра тахриб мешаванд, зеро “инро Нақшаи генералии пойтахт тақозо мекунад”.

Дар навбати худ муовини аввали раиси пойтахт Ҷамшед Табарзода дар ин маврид изҳор дошта буд, ки махфӣ будани Нақшаи генералии бозсозӣ ё “Генплан”- и шаҳри Душанбе ба хотири бехатарӣ ва пешгирӣ кардан аз гурӯҳҳои экстримистиву терористӣ рӯи даст гирифта шудааст.

“Генплан” муҳр ё хусусияти махфӣ дорад. Ба кадом хотир? Ба хотири он ки ин асос барои бехтарӣ, пешгирӣ кардан ҳатто аз ҳамаи гурӯҳҳои экстремистиву терористӣ ва дигар гурӯҳҳое ки дар нохунак шумо нағз медонед”, – таъкид дошта буд Табарзода.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.