Дар Хуҷанд як писару як духтар худро ба Сирдарё партофтанд

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як писару як духтар мехостанд даст ба худкушӣ зананд. Духтар наҷот ёфта, ҷавонро то ҳол ҷустуҷӯ доранд. “Субҳи 28 апрел ба навбатдори Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд хабар расид, ки як писару як духтар аз пули " Юбилейный”-и шаҳри Хуҷанд худро ба Сирдарё партофтаанд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи […]

Asia-Plus

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як писару як духтар мехостанд даст ба худкушӣ зананд. Духтар наҷот ёфта, ҷавонро то ҳол ҷустуҷӯ доранд.

“Субҳи 28 апрел ба навбатдори Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд хабар расид, ки як писару як духтар аз пули " Юбилейный”-и шаҳри Хуҷанд худро ба Сирдарё партофтаанд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

“Маълум шуд, ки писар сокини 21-солаи деҳаи Падрӯди ноҳияи Айнӣ, донишҷӯи яке аз мактабҳои олии Хуҷанд ва духтар – сокини 18-солаи деҳаи Нурафшони шаҳри Леваканти вилояти Хатлон мебошанд. Духтар худаш мустақилона аз дарё баромада, лекин мутаассифона, ҷавон ғарқ шудааст. Ғаввосон (водолазҳо) то торикиҳои шаб  ҷустуҷӯ карда, лекин ҷасад дарёфт нашуд”, – гуфт Юсуфӣ.

Тибқи маълумоти маркази матбуоти Кумита, субҳи 29 апрел корҳои ҷустуҷӯи ҷасад дубора аз сар гирифта шуданд.

Зимнан зикр шуд, ки сабабҳои ба ин амал даст задани ҷавонон ҳоло маълум набуда, мақомот пайи таҳқиқи он мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.