Нашри китоби “Фарҳанги гиромидошти табиат дар Бадахшон”

Дар нашриёти “Аржанг”-и шаҳри Душанбе китоби нави пажӯҳишгари таърих ва рӯзноманигор Қурбони Аламшоҳ таҳти унвони “Фарҳанги гиромидошти табиат дар Бадахшон” муниашир шудааст. Донишманд нашри ин асарро барои эҳёи дубораи донишҳои дар ҳоли фаромӯшии мардумӣ бисёр муҳим хондаанд. Дилшод Раҳимӣ фарҳангшинос ва мудири Пажӯҳишгоҳи фарҳангу иттилооти Вазорати фарҳанг, дар пешгуфтори ин асар навиштааст, ки асари нави Қурбон […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар нашриёти “Аржанг”-и шаҳри Душанбе китоби нави пажӯҳишгари таърих ва рӯзноманигор Қурбони Аламшоҳ таҳти унвони “Фарҳанги гиромидошти табиат дар Бадахшон” муниашир шудааст.

Донишманд нашри ин асарро барои эҳёи дубораи донишҳои дар ҳоли фаромӯшии мардумӣ бисёр муҳим хондаанд.

Дилшод Раҳимӣ фарҳангшинос ва мудири Пажӯҳишгоҳи фарҳангу иттилооти Вазорати фарҳанг, дар пешгуфтори ин асар навиштааст, ки асари нави Қурбон Аламшоев натиҷаи пажӯҳишҳо ва ҷустуҷӯҳои муаллиф роҷеъ ба ҷамъоварии донишҳои дар ҳоли фаромӯшӣ қарордоштаи ниёгон дар бораи парастиш, гиромидошти табиат бо тамоми захоири наботӣ, ҳайвонӣ ва иқлимиву ҷуғрофии он дар қаламрави Бадахшони Тоҷикистон аст.

Мақолаҳои ин китоб, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таълиф гардидаанд, дар заминаи сафарҳои тадқиқотии муалллиф ба минтақаҳои дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вулусволиҳои ҳаммарзи Вилояти Бадахшони кишвари исломии Афғонистон баъди анҷоми суҳбатҳои мутааддид бо афроди куҳансол ва донандагони анъанаоту донишҳои мардумӣ рӯи коғаз омадаанд.

Наҳваҳои пазироии ҷашнҳои куҳани мардумӣ, парастиши ҳайвоноти ваҳшии кӯҳӣ, истифодаи гиёҳҳо дар ғизо ва тибби мардумӣ, ҷамъоварии қонунҳои нонавиштаи ҳифзи табиат дар Помир, маънидод кардани вожаҳои “убол, уболгат” ва “ганда”, нақши мазорҳо дар ҳифзи табиат аз ҷумлаи мазуъҳоеянд, ки дар ин китоб мавриди баҳс қарор гирифтаанд.

Ин китоб барои кормандону мутахассисони соҳаҳаҳои таъриху этнография, табиатшиносӣ, этнофарҳангӣ, гуногунии биологӣ, ҳифзи муҳити зист, барои тамоми дӯстдорони табиату фарҳанги кишвар пешбинӣ шудааст.

Қурбони Аламшоҳ аз камтарин журналистон ва донишмандоне аст, ки дар бораи таърих ва суннатҳои мардумии ВМКБ, инчунин чеҳраҳои намоёни ин минтақа мақолаву китобҳо менависад. Ӯ ду сол пеш филми мустанадеро таҳти унвони "Ба дунболи озодапаланг: аз Мурғоб то Шоҳин" таҳия кард, ки дар мавриди озодапаланг ё бабри барфӣ дар Тоҷикистон сухан меравад.

Аламшоев муассиси Оҷонсии иттилоотии «Помир-Медиа» (2006), навидномаи «Чатри симин» (1998-2006), рӯзномаи иттилоотӣ-таҳлилии умумиҷумҳуриявии «Помир» (2010) мебошад. Номбурда 31 декабри соли 2013 дар мавзӯи «Шириншоҳ Шоҳтемур – ходими ҷамъиятӣ ва сиёсии Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.Ӯ ҳамчунин узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон низ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.