Як муҳосиби мактаб дар Панҷакент ба сирқати 76 ҳазор сомонии муаллимон муттаҳам мешавад

Дар Панҷакент алайҳи сармуҳосиби мактаби миёнаи рақами 10-и шаҳр бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ” ва “сохтакории хизматӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ба иттилои торнамои расмии Додситонии кулл, сармуҳосиб ин мактаб, Ҳусейн Маҷидов "зимни фаъолияти корияш бо мақсади ғаразнок ва сӯистифода аз ваколатҳои мансабиаш аз моҳи январи соли 2020 то октябри соли 2021 ведомости пардохти музди […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Дар Панҷакент алайҳи сармуҳосиби мактаби миёнаи рақами 10-и шаҳр бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ” ва “сохтакории хизматӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Ба иттилои торнамои расмии Додситонии кулл, сармуҳосиб ин мактаб, Ҳусейн Маҷидов "зимни фаъолияти корияш бо мақсади ғаразнок ва сӯистифода аз ваколатҳои мансабиаш аз моҳи январи соли 2020 то октябри соли 2021 ведомости пардохти музди меҳнати кормандони муассисаро ғайриқонунӣ тартиб додааст. Ӯ дар санадҳо бо роҳи сохтакорӣ музди меҳнаташро аз 3000 то 9400 сомонӣ барзиёд нишон дода, дар асоси ин ҳуҷҷати расмӣ ба номи худаш дар маҷмӯъ, маблағи 76,534 сомонӣ музди меҳнат гузаронидааст".

Манбаъ мегӯяд, сармуҳосиб ин маблағро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф карда ба давлат ба микдори калон зарари моддӣ расидааст.

Додситонии шаҳри Панҷакент, алайҳии Маҷидов Ҳ, парвандаро бар асоси моддаҳои 245 қисми 2 банди “г” ва 323-и Кодекси ҷиноӣ таҳқиқ карда, ба додгоҳ ирсол кардааст. 

Ин тизор меравад имрӯз, ҳукми Додгоҳи шаҳри панҷакент дар баробари Маҷидов эълон шавад.

Қодекси ҷиноӣ барои нафароне, ки бо истифода аз ваколати мансабӣ даст ба ҷиноятӣ “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ” мезананд ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол ҷазо пешбинӣ кардааст.

Ҳамзамон нисбати касе, ки тибқи моддаи 323 ҷазо мегирад дар асоси қонун ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз 1 то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.