Кушта шудани се қирғиз дар як даргирӣ дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон

Расонаҳои қирғизӣ бо такя ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳанд, ки дар пайи як даргирӣ дар марз бо Ӯзбекистон се шаҳрванди ин кишвар кушта шудаанд. Ҷониби Ӯзбекистон то кунун дар бораи ин ҳодиса чизе нагуфтаст.  Ин ҳодиса, 5-уми май дар мавзеи марзии Добо-Қурғони деҳоти Актами ноҳияи Алабукински вилояти Ҷалолобод рух додааст. Бино ба хабари КДАМ […]

Asia-Plus

Расонаҳои қирғизӣ бо такя ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳанд, ки дар пайи як даргирӣ дар марз бо Ӯзбекистон се шаҳрванди ин кишвар кушта шудаанд. Ҷониби Ӯзбекистон то кунун дар бораи ин ҳодиса чизе нагуфтаст. 

Ин ҳодиса, 5-уми май дар мавзеи марзии Добо-Қурғони деҳоти Актами ноҳияи Алабукински вилояти Ҷалолобод рух додааст.

Бино ба хабари КДАМ Қирғизистон, дар ин даргирӣ се шаҳрванди яке 48-сола ва дуйи дигар  24 ва 22-солаи ин кишвар аз захми тир кушта шудаанд. 

Бар пайи ин ҳодиса фармондеҳони марзбонии ноҳияи Алабукински Қирғизистон ва Янгиқурғони Ӯзбекистон мулоқот кардаанд ва ба тавофуқ расидаанд, ки имрӯз, 6-уми май пас аз таҳқиқоти хидматӣ низ дидор мекунанд. 

Як моҳ қабл, 5-уми апрел ҳам дар натиҷаи чунин як даргирӣ ду шаҳрванди Қирғизистон аз сӯйи марзбонони Ӯзбекистон кушта шуда буданд. Ӯзбекистон гуфта буд, ки ин шаҳрванди Қирғизистон ба дунболи аспҳояшон ғайриқонунӣ ба марзи ин кишвар ворид шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.