Дар Қазоқистон рӯзи 5-уми июн Назарбоевро аз пешвоӣ маҳрум мекунанд

Дар Қазоқистон барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи он кишвар рӯзи 5 июн раъйпурсии умумихалқӣ баргузор мешавад. Дар ин бора Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 5 май фармон имзо кард. Интизор меравад, ки бар пайи ин тағйирот мақоми "пешвои миллат" ё "Елбасӣ"-ии раисҷумҳури собиқи ин кишварро, ки меъёри конститусионист, бекор шавад. "Ислоҳоти Конститутсия ба […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Дар Қазоқистон барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи он кишвар рӯзи 5 июн раъйпурсии умумихалқӣ баргузор мешавад. Дар ин бора Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 5 май фармон имзо кард.

Интизор меравад, ки бар пайи ин тағйирот мақоми "пешвои миллат" ё "Елбасӣ"-ии раисҷумҳури собиқи ин кишварро, ки меъёри конститусионист, бекор шавад.

"Ислоҳоти Конститутсия ба тағйироти куллии ҳамаи шохаҳои ҳокимият равона шудааст. Тағйирот гузариши қатъӣ аз шакли идорасозии "президенти қавӣ" ба шакли ҷумҳурии президентӣ бо порлумони бонуфуз ва ҳукумати ҳисоботдиҳандаро мадди назар дорад", – гуфт Тоқаев рӯзи 5 май.

Тоқаев дар як суханронӣ рӯзи 29 апрел гуфта буд, ки раъйпурсӣ барои қабули Конститутсия дар он кишвар бори охир соли 1995 баргузор шудааст. "Баъд Қонуни конститутсионӣ "дар бораи раъйпурсии умумӣ" қабул шуд, ки боре ҳам истифода нагардидааст. Аммо аз он сол то кунун Конститутсияи Қазоқистон чаҳор бор тағйир дода шуд. Бовар дорам, ки тағйирот ба Конститутсия тавассути раъйпурсии умумихалқӣ иродаи халқро ба намоиш хоҳад гузошт", – гуфт Тоқаев.

Дар 27 соли мавҷудияти Конститутсия Қазоқистон ба он панҷ маротиба тағйирот ворид ва бештар аз 60 моддаи он дигар карда шудааст.Тоқаев ҳанӯз 16 марти имсол дар бораи зарурати тағйирот ба Конститутсия суҳабт карда буд. Интизор меравад, ба 33 моддаи Қонуни асосии он кишвар 56 тағйиру илова ворид карда шавад.

Коршиносон мегӯянд, натиҷаҳои ин раъйпурсӣ аз пеш маълум ҳастанд. Мунаққидон бовар доранд, ки пешниҳодҳои Тоқаев барои тағйиру иловаҳо хосияти ороишӣ доранд ва табиати низоми худкомаро тағйир нахоҳанд дод. Гуруҳи корие, ки тағйирот ба Қонуни асосии он кишварро таҳия дорад, рӯзи 25 апрел тағйиру иловаҳои мавриди назарро нашр кард. Аз ҷумла, бар асоси ин тағйирот, барқарории Додгоҳи конститутсионӣ дар назар аст, ки соли 1995 бекор шуда буд; узви ҳизб будани президент манъ хоҳад шуд ва пайвандони вай аз ишғоли мансабҳои сиёсӣ ё роҳбарӣ дар ниҳодҳои давлатӣ маҳрум хоҳанд гардид; тағйирот ҳамчунин ба фаъолияти порлумон ва низоми интихоботӣ низ дахл мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...