Узрхоҳии Путин аз сарвазири Исроил барои ҳарфҳои Лавров дар бораи яҳудиҳо

Владимир Путин, президенти Русия дар суҳбати телефонӣ бо сарвазири Исроил Нафталӣ Беннет барои ҳарфҳои вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар мавриди яҳудиҳо ва яҳудибадбинӣ узрхоҳӣ кард. Дар ин бора аз датсгоҳи сарвазири Исроил хабар доданд. "Сарвазир узрхоҳии Путинро барои ҳарфҳои Лавров пазируфт ва аз Путин барои шарҳ дар бораи муносибаташ нисбати мардуми яҳуд ва […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Владимир Путин, президенти Русия дар суҳбати телефонӣ бо сарвазири Исроил Нафталӣ Беннет барои ҳарфҳои вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар мавриди яҳудиҳо ва яҳудибадбинӣ узрхоҳӣ кард. Дар ин бора аз датсгоҳи сарвазири Исроил хабар доданд.

"Сарвазир узрхоҳии Путинро барои ҳарфҳои Лавров пазируфт ва аз Путин барои шарҳ дар бораи муносибаташ нисбати мардуми яҳуд ва хотираи Ҳолокост изҳори сипос кард", – омадааст дар хабари дастгоҳи сарвазири Исроил.

Сомонаи расмии Кремл дар ин бора хабаре надодааст. Кремл танҳо аз гуфтугӯи Путин бо Беннет хабар дод.

Рӯзи 1 май вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров президенти Украина Владимир Зеленскийро бо пешвои миллатгарои Олмон Адолф Гитлер муқоиса кард.

Лавров гуфт, Гитлер ҳам "хуни яҳудӣ" дошт ва 6 миллион яҳудиро кушт. "Мардуми бохиради яҳудӣ мегӯяд, бадтарин яҳудибадбинон, тибқи маъмул, яҳудӣ ҳастанд", – гуфт Лавров.

Ин ҳарфҳои вай боиси хашми роҳбарияти Исроил шуд. Мақомоти Исроил Лавровро дар дурӯғгӯӣ ва нажодпарастӣ айбдор ва сафири Русияро дар Исроил барои шарҳ даъват карданд.

Рӯзи 3 май вазорати корҳои хориҷии Русия мақолаеро таҳти унвони "Дар бораи яҳудиситезӣ" нашр ва Исроилро дар ҳимоят аз "низоми неомиллатпарастии Киев" айбдор кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.