Президенти Тоҷикистон ба муносибати Иди Ғалаба ба собиқадорон 15 ҳазор сомонигӣ ҷудо кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки барои пардохти кумакпулии якдафъаина ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) 855 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат. Зикр шуд, ки аз ҳисоби фонди захиравии президент ҳар кадоме аз собиқадорони боқимонда 15 ҳазор сомонӣ (тақрибан 1,2 ҳазор доллар) мегирад. […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки барои пардохти кумакпулии якдафъаина ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) 855 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Зикр шуд, ки аз ҳисоби фонди захиравии президент ҳар кадоме аз собиқадорони боқимонда 15 ҳазор сомонӣ (тақрибан 1,2 ҳазор доллар) мегирад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфатоҳзода рӯзи 5 май ба иштирокчиёни ҶБВ аз шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода кумакҳои моддии президентро супуориданд.

Дар ин маросим зикр шуд, ки аз шаҳри Турсунзода беш аз 5 ҳазор нафар ба ҷанг сафарбар шуда, зиёда аз 2,2 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои набард ба ҳалокат расиданд. Имсол 77-умин солгарди Рӯзи Ғалабаро дар шаҳри Турсунзода 2 собиқадори ҷанг ва 4 коргари ақибгоҳ ҷашн гирифтанд.

Гуфта мешавад, аз шаҳри Ҳисор дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 10 ҳазор нафар иштирок карда, зиёда аз 4 ҳазор нафар фавтидаанд. Дар ин шаҳр ҳоло се собиқадори ҷанг боқӣ мондаанд.

Калонсолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримов, ки дар Ҳисор умр ба сар мебарад, имсол 110-солагиашро ҷашн мегирад: ӯ 9 майи соли 1912 таваллуд шудааст.

Ёдрас мекунем, ки қаблан раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дода буд, ки ба ҳар кадоме аз собиқадорони муқими пойтахт 3 ҳазор сомонӣ дода шавад.

Ҳамагӣ чанд ҳафта пеш Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки то 20 апрел дар Тоҷикистон 59 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Ҳоло бошад, онҳо 57 нафаранд.

Соли гузашта то 20 апрел тибқи маълумоти раиси Шӯрои собиқадорони ҶБВ Раҳмат Қудратов, 98 нафар собиқадорон дар ҳаёт буданд.

Ду сол пеш, соли 2020 Рӯзи Ғалабаро 168 нафар собиқадорони ҷанг ҷашн гирифта буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.