Бар асари боришоти шадид дар Тоҷикистон садҳо хонаро об зер кард

Шаби 6 май бар асари боришоти пуршиддат дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ хонаву хоҷагиҳои садҳо тоҷикистониёнро об зер карда, бархе аз заминҳои кишт, пулу роҳҳо осеб диданд. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, бар асари боло рафтани сатҳи оби дарёҳои Қаратоғ, Ширкент, каналҳои Хоҷанақширону Заркамар ва Муллошодӣ, 75 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва хонаҳои деҳаи Ҳамадонии ноҳияи Турсунзода […]

Шаби 6 май бар асари боришоти пуршиддат дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ хонаву хоҷагиҳои садҳо тоҷикистониёнро об зер карда, бархе аз заминҳои кишт, пулу роҳҳо осеб диданд.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, бар асари боло рафтани сатҳи оби дарёҳои Қаратоғ, Ширкент, каналҳои Хоҷанақширону Заркамар ва Муллошодӣ, 75 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва хонаҳои деҳаи Ҳамадонии ноҳияи Турсунзода зери об мондааст.

Боришоти пай дар пай ба фаромадани сел аз теппаҳои атрофи деҳаи Файзбахши ин минтақа боис гардида, 237 хонавода таҳти хатари зери об мондан қарор гирифтаанд.

Бино ба маълумоти Кумита, аҳолӣ муваққатан ба ҷойи бехавф кӯчонида шуда, талафоти ҷонӣ нест. Айни замон корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ, аз ҷумла тоза кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва таҳхонаҳо аз лойқа идома дорад.

Дар хабари Кумита зикр мешавад, ки ҳаҷми зиёни расида аз офати табиӣ муайян карда мешавад.

Ғайр аз ин,  шаби гузашта бар асари боришоти пуршиддат сел омада, дар натиҷа 25 қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Чоряккорон, 4 қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар деҳаҳои Эсанбой ва Хоҷабулбулони ноҳияи Рӯдакӣ аз лойқа пур шудааст. Инчунин об девори яке аз хонаҳоро тахриб намуда, 450 метр роҳи миёни деҳаҳоро об зер кардааст. Айни замон ҳамаи оқибатҳои он бартараф карда мешаванд.

Офати табиӣ дар шимоли Тоҷикистон

Дар Панҷакент рӯзи 5 май дар натиҷаи боришоти пуршиддат дар деҳаи Нуристони ҷамоати деҳоти Чинор ва сели омада дар пайи он, 15 сар чорвои калони аҳолии маҳаллӣ нобуд шудааст.

Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд сели омада пул дар ҷамоати деҳоти Ғазантарак, инчунин 9,7 км қубури обрасони Даҳанасойро вайрон кардааст.

Рӯзи панҷшанбе сел ба хонаҳо дар қаламрави маҳаллаҳои Темурмалик ва Навбунёди ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зарар расонидааст.

Кофарниҳон аз соҳилҳо баромад

Шаби гузашта дар ҷамоатҳои Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат бар асари боришоти беист сатҳи об дар дарёҳо аз меъёр зиёд шуда, хатари зери об мондани қитъаҳои роҳи мошингарди Ваҳдат-Чӯянгарон-Ромит ба вуҷуд омадааст, менависад Кумита.

“Бар асари баланд шудани сатҳи оби дарёи Кофарниҳон як километр роҳро лойқаи гилу санг баста, шабона бо кӯшишҳои кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Ваҳдат, Хадамоти нигаҳдории роҳ ва шӯъбаи корҳои дохилӣ оқибатҳои он бартараф шуд, вале ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳ то ҳол қисман аз сар гирифта шудааст”, – зикр кардаанд дар КҲФ.

Хадамоти матбуоти Кумита инчунин хабар медиҳад, ки рӯзи панҷшанбе Хадамоти зиддижола бо партоби 128 мушаки навъи “Алазан” 25 минтақаи хавфноки жоларезро дар фазои қламрави шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Хуросон безарар гардонидааст.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, то охири ҳафта дар қаламрави кишвар обуҳавои ноустувор ва боришот боқӣ мемонад. Ба ҷуз боришоти пуршиддат, бо сабаби гармшавии ҳаво обшавии барф дар кӯҳҳо зиёд мешавад, ки метавонад ба шуста шудани хок ва лағзиши он, болоравии сатҳи об дар рӯдхонаву обанборҳо, инчунин шусташавии соҳилҳои дарёву кӯлҳо боис гардад. Инчунин хавфи зиёди фаромадани селу ярч ва сангреза боқӣ мемонад.

Дар ин робита, Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки аз сафарҳои безарурат, рафтан ба қитъаҳои хатарнок, шикору моҳидорӣ, ҷамъоварии ҳезуму растаниҳо дар кӯҳҳо, чаронидани чорво худдорӣ кунанд. Ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мешавад, ки сари вақт селроҳаву ҷӯйборҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу шағал тоза кунанд.

Дар ҳоли пеш омадани кадом як ҳодисаи фавқулодда ё ҳодисаҳои нохуш, шаҳрвандон метавонанд ба телефони навбатдори фаврии КҲФ – 93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11  муроҷиат кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.