Тоҷикистон бозиро бо Ӯзбекистон 0:2 бохт

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) рӯзи 18-уми май бозиашро дар даври чорум дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни наврасони то 16-сола, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, бо тими +збекистон бо ҳисоби 0:2 бохт. Шоми 18-уми май дар бозии дигари ин давр дастаи наврасони Эрон  тими ҳамтоёни худ аз Афғонистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд.  Пирӯзи мусобиқоти наврасони CAFA-2022 дар […]

Asia-Plus

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) рӯзи 18-уми май бозиашро дар даври чорум дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни наврасони то 16-сола, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, бо тими +збекистон бо ҳисоби 0:2 бохт.

Шоми 18-уми май дар бозии дигари ин давр дастаи наврасони Эрон  тими ҳамтоёни худ аз Афғонистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд. 

Пирӯзи мусобиқоти наврасони CAFA-2022 дар даври хотимавии ин мусобиқот, рӯзи ҷумъаи 20-уми май муайян мешавад.  Дар ин рӯз бозиҳо миёни Қирғизистону Ӯзбекистон (соати 18.00) ва Тоҷикистону Эрон (соати 21.00) дар назар аст. 

Дар доираи қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола ҳамагӣ даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе то рӯзи 20-уми май идома хоҳанд кард.

Тибқи дастури мусобиқа, қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари ба дастоварда муайян карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.