Кӣ намоиши “Манқурт”-и Барзу Абдураззоқро дар Душанбе манъ кард?

Мақомот нагузоштаанд, ки нахустнамоиши "Манқурт" дар коргардонии Барзу Абдураззоқ рӯйи саҳна биояд. Қарор буд, ин намоишнома соати 18.00 20-уми май дар тетари "Падида" намоиш дода шавад. Масъулини театри "Падида" рӯзи 19-уми май ба чанд харидори билет барои тамошои намоиш гуфтаанд, ки намоиши "Манқурт"-ро аз болоҳо манъ карданд ва барои ҳамин билет фурӯхта намешавад.  Дар театри "Падида" ба "Азия-Плюс" нагуфтанд, […]

Asia-Plus

Мақомот нагузоштаанд, ки нахустнамоиши "Манқурт" дар коргардонии Барзу Абдураззоқ рӯйи саҳна биояд. Қарор буд, ин намоишнома соати 18.00 20-уми май дар тетари "Падида" намоиш дода шавад.

Масъулини театри "Падида" рӯзи 19-уми май ба чанд харидори билет барои тамошои намоиш гуфтаанд, ки намоиши "Манқурт"-ро аз болоҳо манъ карданд ва барои ҳамин билет фурӯхта намешавад. 

Дар театри "Падида" ба "Азия-Плюс" нагуфтанд, ки мушаххасан намоиш аз сӯй кадом ниҳод манъ шудааст, танҳо гуфтанд, ки субҳи дирӯз "аз болоҳо омода гуфтанд намоиш надиҳем" ва далелашро ҳам нагуфтанд.

Манъ шудани намоиш дар ҳолест, ки чанд рӯзи ахир фурӯши билетҳои он ба роҳ монда шуда буд ва аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам таблиғ мешуд.

Масъулини тетатри "Падида" мегӯянд, касоне, ки билет харидаанд метавонанд омода пули билеташонро бозпас бигиранд ва ҳамчунин онҳо мегӯянд дар мавриди манъ шудани намоиш дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълони ҷудогона нашр хоҳанд кард.

Намоиши "Манқурт. Реквием", аз рӯйи асари маъруфи нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов "Дуроҳаи бӯронӣ" дар коргардонии Барзу Абдураззоқов таҳия шуда буд ва тӯли ду моҳи ахир тамрини  коргардон бо ҳунармандони ҷавон идома дошт. 

Дар ин намоиш ҳунармандони ҷавоне чун Сорои Собир, Шоҳҷамшед Умарӣ, Далер Имомалӣ ва Ҷумъа Рустамӣ бояд нақш иҷро мекарданд.

Худи Барзу Абдураззақов ин мавзуъро барои расонаҳо шарҳ надод, вале дар саҳфаи фейсбукаш навиштааст, ки ҳамватанони азиз, дӯстон, намоиши "Манқурт" баста шуд.

"Далелҳояшро намедонам, беҳтар аст бмгӯям, ки медонам, аммо намехоҳам, ки вориди гумонзаниҳои "бемавқеъ" шавам. Дақиқаи монанди ин латифа: "чӣ бинависам, бе ин ҳам ҳама чиз маълум аст",-навиштааст коргардон.

Коргардон дар он навиштаи фейсбукияш гуфтааст, ки манъ шудани намоиши "Манқурт" онҳоро афсурда кардааст, зеро нақша доштанд намоишҳои дигареро ҳам ба саҳна бигузоранд.

"Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳ (1.5 моҳ) саъй кардем падидаи бардагии зеҳни комилро дарк кунем. Мо таърихро ба диққат хондем, таърихи мо ва ҳама башариятро. Андешидем ва баҳс кардем, равоншиноси бардадориро мутолиа кардем, ошиқонаву муштоқона ба дарун худ нигоҳ кардем то кашф кунем, мутолиа кунем ва сипас роҳе барои берун кашидани як монкурт аз худ биёбем. Бардае, ки аз "ман"-и худ бебаҳра аст, ном худро намедонад, ғуломе абдӣ. Бо ин вуҷуд, ҷустуҷӯий душвор мо натоиҷе ба ҳамроҳ дошт ва ба назар мо, ин ёфтаҳоямон мутаноқиз буд, ки мехостем бо мардум ба иштирок бигузорем. Нашуд. Ба мо "тавсия" шуд, ки сукут кунем ва бо лоботомиё ба зиндагӣ худ идома диҳем",-навиштааст Барзу.

Чанд сол пеш ҳам аз намоиши яке аз корҳои дигари ин коргардонро низ манъ карда буданд. Намоиши "Девонагӣ.Соли 93" низ соли 2009, пас аз як ду бори рӯйи саҳна омадан, аз сӯи мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон манъ шуда буд. Ин асар бар асоси асари драманависи фаронсавӣ Петер Вайс "Таъқиб ва қатли Жан Пол Марат" буд ва ҳарчанд аз ҳодисаҳои замони инқилоби буржуазии соли 1793 дар Фаронса ҳикоят мекард, мақомоти тоҷик дар он қиёсҳое бо авоили солҳои 90-уми Тоҷикистонро диданд. Танҳо пас аз танқиди зиёда дар матбуот, ба Театри ба номи Маяковский иҷозат шуд, ин спектаклро намоиш диҳад, вале танҳо чанд маротибаи маъдуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.