Маҷаллаи Forbes раддабандии ҳабдаҳуми ҳамасолаи 100 нафар бонуфузтарини бонувони ҷаҳонро тартиб дод, менависад Медуза.
Ягона намоянда аз Русия дар ин рейтинг се сол пайдарпай раиси Бонки марказӣ Элвира Набиуллина боқӣ мемонад (соли 2017 сардабири RT Маргарита Симонян низ ҷой дошт). Соли 2020 Набиуллина зинаи 57-ум, соли 2019 – 53-юм ва соли 2018 – мақоми 49-умро ишғол карда буд.
Даҳ сол боз пайдарпай зинаи аввал ба канслери Олмон Ангела Меркел дода мешавад. Мақоми дуюмро чун дар соли 2019 роҳбари Бонки марказии Аврупо Кристин Лагард касб кардааст.
Ҷойи сеюмро Forbes ба шахси нав дар раддабандӣ – ноиби ояндаи президенти ИМА Камола Харрис лоиқ донистааст.
Дар рейтинги имсола ҳамагӣ 17 нафар бонувони нав дохил шудаанд. “Ин гувоҳи он аст, ки занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ки зери таъсири пандемия тағйир меёбад, мақоми раҳбариро ишғол мекунанд”, – қайд мекунад нашрия.
Ба ин тариқ, миёни шахсони нави рейтинг ноиби иҷроияи президенти CVS Health (шабакаи иборат аз 7 ҳазор дорухонаҳоро дар 40 штати ИМА идора мекунад) Карен Линч, ки соли 2021 ба масоили марбут ба ваксина аз COVID-19 дар ширкат масъул аст, низ зикр шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.