Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: наздик ба 100 нафар гирифтори “сурхакони маймун” шудаанд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) мегӯяд, 92 ҳолати гирифторӣ ба вируси "сурхакони маймун"-ро ошкор карда, наздики се ҳолати дигар дар ҳоли тасдиқшавӣ қарор дорад. Дар ин бора дар сомонаи созмон хабар дода шудааст. Масъулони созмон ҳушдор додаанд, ки шумори мубталоён ба вируси нав афзоиш хоҳад ёфт. Ҳолатҳои гирифторӣ дар 15 кишвар ошкор гаштааст. Онҳо аз ҳама […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) мегӯяд, 92 ҳолати гирифторӣ ба вируси "сурхакони маймун"-ро ошкор карда, наздики се ҳолати дигар дар ҳоли тасдиқшавӣ қарор дорад.

Дар ин бора дар сомонаи созмон хабар дода шудааст. Масъулони созмон ҳушдор додаанд, ки шумори мубталоён ба вируси нав афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳолатҳои гирифторӣ дар 15 кишвар ошкор гаштааст. Онҳо аз ҳама бештар, дар Белгия, Фаронса, Олмон, Итолиё, Португалия, Испания, Шветсия, Ҳолланд ва Бритониё тасдиқ шудаанд. Чанд мавриди гирифторӣ дар Иёлоти Муттаҳида, Канада ва Австралия низ сабт шудаанд.

Олимон интизор надоранд, ки "сурхакони маймун" ба монанди коронавируси нав ба пандемия табдил ёбад, зеро ба гуфтаи онҳо "зуду осон паҳн намешавад".

"Сурхакони маймун" маъмулан дар Африқои Марказӣ ва Ғарбӣ, аксар вақт дар наздикии ҷангалҳои тропикӣ, сабт шуда, дар Конго эндемия (мавҷудияти доимии касалии сироятӣ дар маҳалле) ба шумор меравад. Онро бори аввал соли 1970 дар бадани одамон кашф карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.