Тоҷикистону Туркманистон метавонанд корхонаҳои муштараки коркарди нафт таъсис диҳанд

Дар Ашқобод намояндагони Тоҷикистон ва Туркманистон масъалаи имкони таъсиси корхонаи муштараки коркади нафтро баррасӣ карданд. Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода рӯзи 20 май  бо  директори генералии ҶСП (NAPECO)-и Туркманистон Мақсат Пирлиев дидору гуфтушунид кард. Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои иқтисодӣ-тиҷоратии дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати таъсиси […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Ашқобод намояндагони Тоҷикистон ва Туркманистон масъалаи имкони таъсиси корхонаи муштараки коркади нафтро баррасӣ карданд.

Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода рӯзи 20 май  бо  директори генералии ҶСП (NAPECO)-и Туркманистон Мақсат Пирлиев дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои иқтисодӣ-тиҷоратии дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати таъсиси корхонаи муштараки коркарди нафт ва маҳсулотҳои нафтӣ, аз ҷумла имкони интиқоли нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон,  табодули назар намуданд.

Соли 2021 Туркманистон содироти гази моеъро ба Тоҷикистон ба роҳ монда, охири соли гузашта ҳаҷми содироти ин навъи сӯзишворӣ 5 ҳазор тоннаро ташкил дод. Душанбе изҳор дошт, ки ният дорад ҳаҷми харидро зиёд кунад.

Қаблан зимни сафари расмии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммедов имконоти густариши ҳамкориҳо баррасӣ шуданд.

Ҳамкорӣ дар бахшҳои сӯзишворӣ ва энергетика, нақлиёту саноат ва кишоварзӣ, роҳандозии силсилаи мукаммали истеҳсоли маҳсулот аз пахта аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ номбар шуд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон соли 1993 роҳандозӣ шуда, заминаи меъёриву ҳуқуқии он зиёда аз 100 санадро дар бар мегирад. Байни кишварҳо Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ амал мекунад. Ҷаласаи 10-уми ин комиссия моҳи июли соли 2021 дар Душанбе баргузор шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.