Соли 2022 ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия қариб 50% афзуд

Date:

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Русия дар зарфи 4 моҳи аввали соли 2022 зиёда аз 470 млн долларро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 50% афзуд.

Тавре ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳрӣ хабар медиҳад, зимни мулоқоти сардори Раёсати ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорат Дилшод Шарифӣ ва муовини раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии ҳукумати Санкт-Петербург Арби Абӯбакров, ки ҳайати соҳибкорони Русияро дар сафар ба Душанбе роҳбарӣ мекунад, зикр шуд, ки Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодӣ ва аз лиҳози стратегӣ муҳими Тоҷикистон мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Дар зарфи 4 моҳи соли 2022 ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Русия 476 млн долларро ташкил дод, ки 49% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот лоиҳаҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар бахши тиҷорату иқтисод, таъсиси корхонаи муштараки саноатӣ ва паркҳои технологӣ дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикитсон, масъалаи содироти сабзавоту мева бо истифода аз долонҳои сабз, инчунин бунёди марказҳои савдои яклухт ва тақсимот дар қаламрави ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.

Ҳайати ҳукумати шаҳри Санкт-Петербурги Русия иборат аз соҳибкорону намояндагони фарҳанг дар Тоҷикистон қарор дошта, то ин дам дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ вохӯриҳо гузаронид. Зимни ин сафар намояндагони ҳукумати шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Душанбе харитаи роҳи чорабиниҳои муштаракро барои давраи солҳои 2022-2026 ба имзо расониданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...