Соли 2022 ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия қариб 50% афзуд

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Русия дар зарфи 4 моҳи аввали соли 2022 зиёда аз 470 млн долларро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 50% афзуд. Тавре ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳрӣ хабар медиҳад, зимни мулоқоти сардори Раёсати ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорат Дилшод Шарифӣ ва муовини раиси Кумитаи […]

Asia-Plus

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Русия дар зарфи 4 моҳи аввали соли 2022 зиёда аз 470 млн долларро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 50% афзуд.

Тавре ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳрӣ хабар медиҳад, зимни мулоқоти сардори Раёсати ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорат Дилшод Шарифӣ ва муовини раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии ҳукумати Санкт-Петербург Арби Абӯбакров, ки ҳайати соҳибкорони Русияро дар сафар ба Душанбе роҳбарӣ мекунад, зикр шуд, ки Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодӣ ва аз лиҳози стратегӣ муҳими Тоҷикистон мебошад.

“Дар зарфи 4 моҳи соли 2022 ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Русия 476 млн долларро ташкил дод, ки 49% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот лоиҳаҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар бахши тиҷорату иқтисод, таъсиси корхонаи муштараки саноатӣ ва паркҳои технологӣ дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикитсон, масъалаи содироти сабзавоту мева бо истифода аз долонҳои сабз, инчунин бунёди марказҳои савдои яклухт ва тақсимот дар қаламрави ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.

Ҳайати ҳукумати шаҳри Санкт-Петербурги Русия иборат аз соҳибкорону намояндагони фарҳанг дар Тоҷикистон қарор дошта, то ин дам дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ вохӯриҳо гузаронид. Зимни ин сафар намояндагони ҳукумати шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Душанбе харитаи роҳи чорабиниҳои муштаракро барои давраи солҳои 2022-2026 ба имзо расониданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.