Конфронси амниятии Чину Русияву Эрону Ҳинд дар Душанбе

Қарор  аст дар душанбе як конфронси амниятии байналмилалӣ дар мавриди Афғонистон баргузор шавад. Дар ин бора "Афғонистон интернейшнл" бо такя ба рӯзномаи ҳиндии "The Times of India" хабар медиҳад.  Гуфта мешавад, ин конфронси дурӯза бо мизбонии Тоҷикистон баргузор мешавад ва қарор аст он рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи ҷорӣ оғоз шавад. Манбаъ менависад, ки дар ин нишасти амниятӣ намояндагони Ҳинд, […]

Asia-Plus

Қарор  аст дар душанбе як конфронси амниятии байналмилалӣ дар мавриди Афғонистон баргузор шавад. Дар ин бора "Афғонистон интернейшнл" бо такя ба рӯзномаи ҳиндии "The Times of India" хабар медиҳад. 

Гуфта мешавад, ин конфронси дурӯза бо мизбонии Тоҷикистон баргузор мешавад ва қарор аст он рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи ҷорӣ оғоз шавад.

Манбаъ менависад, ки дар ин нишасти амниятӣ намояндагони Ҳинд, Русия, Чин ва Эрон ширкат мекунанд. 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон то кунун дар бораи ин нишасти амниятӣ маълумоте нашр накардааст. 

Рӯзномаи "The Times of India" навиштааст, ки Ҳинд дар ин конфронс  бори дигар бар ташкили як ҳукумати фарогир таъкид мекунад. 

Ба навиштаи ин рӯзнома Аҷет Дуол, мушовири амнияти милии Ҳинд низ дар ин ҷаласа ширкат хоҳад кард. 

Манбаъ навиштааст, ки ба ҷуз кишварҳои Русияву Чину Ҳинду Эрон аз кишварҳои дигари Осиёи Миёна ҳам даъват шудааст, ки дар ин нишасти амниятӣ ширкат кунанд. Аммо дар ҳоли ҳозир мушаххас нест, ки онҳо ширкат мекунанд ё не. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.