Поинравии қурби доллару евро дар Тоҷикистон идома дорад

Дар Тоҷикистон поинравии қурби доллару евро ва болоравии қурби рубл ҳамоно идома дорад. Тайи як шабонарӯз қурби доллар чор банди фоизӣ кам шуд: 40 сомонӣ барои 100 доллар. Мувофиқи қурби муқарранамудаи Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз, 25 май, 1000 рубл ба 173 сомонӣ баробар аст. Дар “бозори сиёҳ” барои 1000 рубл 180 сомонӣ пешниҳод карда, […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон поинравии қурби доллару евро ва болоравии қурби рубл ҳамоно идома дорад. Тайи як шабонарӯз қурби доллар чор банди фоизӣ кам шуд: 40 сомонӣ барои 100 доллар.

Мувофиқи қурби муқарранамудаи Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз, 25 май, 1000 рубл ба 173 сомонӣ баробар аст. Дар “бозори сиёҳ” барои 1000 рубл 180 сомонӣ пешниҳод карда, 183 сомонӣ мефурӯшанд.

Тибқи қурби расмӣ, имрӯз 1 доллар 11,40 сомонӣ нарх дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз дирӯз, 24 май қурб 11,80 сомонӣ барои 1 долларро ташкил медод. Дар “бозори сиёҳ” 100 долларро 1 ҳазору 110 сомонӣ харида, 1 ҳазору 125 сомонӣ мефурӯшанд.

Евро ҳам тибқи қурби Бонки миллӣ дар ҳоли тағйирёбист. Имрӯз 1 евро ба 12,21 сомонӣ баробар буда, дирӯз – 12,57 сомониро ташкил медод.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад.

Қобили зикр аст, ки рубли русӣ дар ҳаҷми зиёд тариқи интиқолҳои шахсони воқеӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба низоми бонкии кишвар ворид мешавад, лекин сар аз соли 2016 ба қабулкунандагон танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.