Тахриби чойхонаи “Роҳат” оғоз шуд?

Дар Душанбе як қисми чойхонаи “Роҳат”-ро тахриб мекунанд, аммо тақдири бинои худи чойхона то ҳол маълум нест. Мақомот тахриб шудан ё нашудани худи чойхонаро ҳанӯз шарҳ надодаанд. Биное, ки аллакай тахриби он оғоз шудааст, дар гузашта ҳамчун тарабхонаи Чойхонаи “Роҳат” маъруф буд ва ба гуфтаи огоҳони ҳол, он дертар аз худи чойхона сохта шудааст. Дирӯз, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Эмомалӣ Сайидзод, Asia-Plus

Дар Душанбе як қисми чойхонаи “Роҳат”-ро тахриб мекунанд, аммо тақдири бинои худи чойхона то ҳол маълум нест. Мақомот тахриб шудан ё нашудани худи чойхонаро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Биное, ки аллакай тахриби он оғоз шудааст, дар гузашта ҳамчун тарабхонаи Чойхонаи “Роҳат” маъруф буд ва ба гуфтаи огоҳони ҳол, он дертар аз худи чойхона сохта шудааст.

Дирӯз, 24-уми май, хабарнигорони “Азия-Плюс” замоне, аз ин макон дидан карданд, техника ва кормандони зиёде биноро тахриб мекарданд ва маълум буд, ки дар баробари чойхонаи “Роҳат”, ин бино низ бо нақшу нигори миллӣ ороиш ёфта, коргарон онро мекананд.

Мақомот ҳанӯз тасмими вайрон кардани чойхонаи “Роҳат” ё бинои паҳлӯи онро шарҳ надоданд. Тайи ду рӯз аст, ки аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” ваъда медиҳанд, ки масъаларо шарҳ медиҳанд, вале то замони нашри мавод посухи шаҳрдорӣ ба мо нарасид.

Дар ҳамин ҳол, аз Раёсати сохтмонҳои Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар суҳбати кутоҳи телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, бинои чойхонаи “Роҳат” тахриб намешавад.

Аз ин ниҳод афзуданд, ки дар бораи бинои паҳлӯи чойхона, ки аллакай тахрибаш оғоз шудааст, маълумот надоранд.

Тахриби бинои паҳлӯи чойхонаи “Роҳат” ё ба эҳтимоли зиёд тахриби худи чойхонаи Роҳат дар ҳолест, ки дар гузашта тасмими тахриби он аҳли зиё ва ҷомеаи шаҳрвандиро нигарон карда буд ва онҳо барои нигоҳ доштани он талоши зиёде ҳам карда буданд. Онҳо мегуфтанд, ки ин чойхона арзиши таърихӣ дорад ва он бояд барои ояндагон ҳифз карда шавад. Онҳо мегуфтанд, ки деворҳои нақшину кандакоришуда, гулдухтарони атласпӯш, оҳанги наю дутор ва ғизоҳои болаззати миллӣ чойхонаи "Роҳат”-ро давоми даҳсолаҳо ба симои фарҳангии Тоҷикистон табдил додааст.

Чойхонаи "Роҳат” асри гузашта бар асоси тарҳи меъмори рус Константин Терлетский ва устои тоҷик Мирзораҳмат Олимов, сохта шуд ва соли 1956 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Чанд сол пеш  ҳам шабакаи маъруфи телевизионии CNN дар як раддабандии зеботарин чойхонаҳои ҷаҳон "Роҳат”-и Душанберо дар ҷои аввал қарор дода буд.

Аммо шурӯъ аз соли 2013 дар шаҳр тахриби биноҳое, ки дар солҳои бистум ва сиюми асри гузашта сохта шудаанд, идома дорад. Баъзе аз сокинону муаррихон ба зидди вайрон кардани биноҳои қадимӣ ҳастанд. Мақомот ба ин назаранд, ки зарфияти биноҳои куҳна кайҳо ба поён расидааст ва бояд дар ҷойи онҳо биноҳои бисёртабақаи нав ва мутобиқ ба талаботи муосири меъморию шаҳрсозӣ сохта шавад.

Дар нишасти матбуотии охири шаҳрдории Душанбе намояндагони шаҳрдорӣ дар шарҳи пурсиши он ки оё Чойхонаи “Роҳат”… ҳам тибқи “Генплан” тахриб мешаванд ё не, посухи мушаххас надоданд ва танҳо гуфтанд, ки “рӯйхати алоҳидаи иншооти ёдгориву арзиши таърихидошта ҳаст. Албатта он иншооте, ки нигоҳдошташавандаанд, тибқи рӯйхат аз ҷониби Вазорати фарҳанг ба тавсиб расидааст, муроҷиат кунанд, мо дастрас мекунем”.

Як сол пеш ба дархости “Азия-Плюс” ба Вазорат чунин рӯйхати ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва монументалиро пешниҳод карданд (шояд он тағйир наёфта бошад):

1. Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ;

2. Бинои «Кохи Наврӯз»;

3. Бинои парлумон;

4. Маҷмаа бо муҷассамаи Сомонӣ;

5. Бинои «Кохи Истиқлол»,

6. Бинои «Кохи Сомон»

7. Нишони миллӣ

8. «Қасри миллат»

9. Муҷассамаҳои Сино, Рӯдакӣ ва дигарон.

Дар рӯйхати Вазорати фарҳанг он замон бинои чойхонаи “Роҳат” зикр нашуда буд ва маълум нест, ки ба он ворид мешавад ё не.

Рӯйхати тағйирёбанда

Қобили зикр аст, ки сол то сол рӯйхати биноҳои дорои арзиши таърихӣ ва меъморӣ иваз мешавад.

Соли 2016 шаҳрдории Душанбе рӯйхати 15 биноро нашр кард, ки набояд тахриб шаванд. Дар ин рӯйхат он замон бинои кохи собиқи президент низ зикр шуда буд. Ин бино соли 2020 тахриб шуд.

Ҳамчунин соли 2020 мудири шуъбаи ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву меъмории Вазорати фарҳанг Шералӣ Хоҷаев дар мусоҳиба ба АМИТ “Ховар” изҳор дошта буд, ки дар Душанбе чунин биноҳои таърихӣ мавҷуд аст:

Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, «Кохи Наврӯз», «Кохи Истиқлол», «Кохи Сомон», Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ, Нишони миллӣ, Парчами миллӣ, Қасри миллат, бинои Маҷлиси Олӣ, бинои Донишгоҳи миллӣ, бинои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.