Беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳои ройгони тобистона мераванд

Аз 14 июн то 9 августи соли равон  10 ҳазору 352 кӯдаку навраси пойтахт ба истироҳатгоҳҳои тобистона (лагер) фаро гирифта мешаванд. Дар ин бора қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Асомиддин Бобозода, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, аз ин шумора […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Аз 14 июн то 9 августи соли равон  10 ҳазору 352 кӯдаку навраси пойтахт ба истироҳатгоҳҳои тобистона (лагер) фаро гирифта мешаванд. Дар ин бора қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

Асомиддин Бобозода, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, аз ин шумора 4 ҳазору 192 кӯдак аз 37 мактаби пойтахт ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу»-и ноҳияи Варзоб мераванд.

– Инчунин 6 ҳазору 160 навраси дигар дар майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо ташкилу баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон пешбинӣ шудааст, ҷалб карда мешаванд, – гуфт Бобозода. 

Истироҳати кӯдакону наврасон ба чор баст ҷудо гардида, онҳо 11 рӯз ройгон истироҳат хоҳанд кард.

Ба таъкиди Бобозода мақсад аз он ҷалби кӯдакону наврасон ба сайёҳиву солимгардонӣ, тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ки ба истироҳҳатгоҳҳои тобистона хонандагони синфҳои аз 1 то 8 фиристода шуда, тартиби қабулу номнависи хонандагон дар худи мактабҳо сурат мегирад ва руйхат ба шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳо ирсол мегардад.

– Дар истироҳҳатгоҳҳои тобистонаи беруназшаҳрӣ хонандагон бо 4 вақт хӯрок ва дар майдончаҳои истироҳатию  солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ бошад, бо 2 вақт хӯрок ройгон таъмин мегарданд. Дар ин истироҳатгоҳҳо хонандагонро муррабиён, равоншиносон ва дигар нафарони масъул ҳамроҳӣ мекунанд,-  изҳор дошт Асомиддин Бобозода.

Ӯ ҳамчунин, афзуд, барои 200 хонандае, ки дар олимпиадаҳо мақоми ифтихориро гирифтанд, истироҳатгоҳи алоҳида пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.