Қирғизистон минбаъд бензинро аз Русия бо рубл мехарад

Бештари ширкатҳои таъминкунандаи нафти Қирғизистон хариди маводи сӯхти Русияро бо рубли русӣ шуруъ карданд. Дар ин бора дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон рӯзи 25 май Кенешбой Тайлоқов, раиси хадамоти зиддимонополии он кишвар хабар дод. Вакилони порлумон Достон Бекешев суол кард, ки чаро бо поён рафтани қурби доллар арзиши маводи сӯхт дар Қирғизистон поён намеравад. Тайлоқов дар […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Бештари ширкатҳои таъминкунандаи нафти Қирғизистон хариди маводи сӯхти Русияро бо рубли русӣ шуруъ карданд. Дар ин бора дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон рӯзи 25 май Кенешбой Тайлоқов, раиси хадамоти зиддимонополии он кишвар хабар дод.

Вакилони порлумон Достон Бекешев суол кард, ки чаро бо поён рафтани қурби доллар арзиши маводи сӯхт дар Қирғизистон поён намеравад.

Тайлоқов дар посух гуфт, ки воридкунандагони маводи сӯхт онро бо рубли русӣ харидорӣ мекунанд.

"Дар ҳоли ҳозир 70% воридкунандагони маводи сӯхт онро бо рубл мехаранд. Ин тағйирот 20 рӯз пеш сурат гирифт", – гуфт вай.

Дар Қирғизистон дар як соли охир қимати маводи сӯхт якбора боло рафт. Як литр бензини навъи АИ 92 соли пеш 49,4 сом буд, ҳоло ба 62,9 сом расидааст.

Қирғизистон ҳамасола бештар аз 1 млн маводи сӯхт истифода мекунад. Тақрибан ҳамаи ин маводи сӯхтро Қирғизистон аз Русия ворид месозад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.