Афви “ковидӣ”-и шаҳрдори Маскав: ҷарима намесупоранд

Сергей Собянин, шаҳрдори Москваи Русия "афви ковид" эълом кард. Собянин дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, мақомоти Москва ҷаримаҳоеро нахоҳанд ситонид, ки барои вайрон кардани маҳдудиятҳои вабои ковид таъйин шуда буданд. "Ҷаримаҳои маъмурӣ дар ҳалли масъалаи наҷоти саломатӣ ва ҳаёти сокинони шаҳр нақши барҷаста доштанд, барои мубориза бо вабои ковид мусоидат карданд. Имрӯз ин хатар рафъ шуд. […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Сергей Собянин, шаҳрдори Москваи Русия "афви ковид" эълом кард.

Собянин дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, мақомоти Москва ҷаримаҳоеро нахоҳанд ситонид, ки барои вайрон кардани маҳдудиятҳои вабои ковид таъйин шуда буданд.

"Ҷаримаҳои маъмурӣ дар ҳалли масъалаи наҷоти саломатӣ ва ҳаёти сокинони шаҳр нақши барҷаста доштанд, барои мубориза бо вабои ковид мусоидат карданд. Имрӯз ин хатар рафъ шуд. Ҳоло – хатарҳо ва мушкилоти дигар аст. Мо уфти воқеии даромади мардумро мебинем. Аз ҳамин хотир ман тасмим гирифтам, ки авфи ковид эълом кунам", – омадааст дар хабари шаҳрдори Москва.

Вай илова кардааст, ин тасмим "бо ҳадафи коҳиши оқибатҳои фишори таҳримҳо" гирифта шудааст.

Афв аз 1 июни соли ҷорӣ ба иҷро медарояд. Ҳамчунин, ба сокинон маблағи ҷаримаҳоеро бармегардонанд, ки онҳо пардохта буданд.

Бештари маҳдудиятҳои марбут ба вабои коронавирус дар Москва охири моҳи феврал ва аввали моҳи март бардошта шуданд.

Дар як рӯзи охир дар Москва 172 ҳолати нави гирифторӣ ва 15 ҳолати марг аз вабои коронавирус сабт шудаатс. Дар маҷмух дар он шаҳр бештар аз 2,5 млн ҳолати гирифторӣ сабт гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.