Алмосбек Отамбоев президенти пешини Қирғизистон дар беморхона бистарӣ шудааст

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки дар маҳбаси рақами №27 нигаҳдорӣ мешуд, ба Маркази миллии бемориҳои дили шаҳри Бишкек интиқол дода шудааст. Вакили дифои ӯ Замир Зоошев гуфт, додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек 25 май дархости онҳоро барои бистарӣ кардани шахси зери ҳимояаш қонеъ кард. "Як моҳ сипарӣ шуд ва имрӯз вайро ба Маркази миллии […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки дар маҳбаси рақами №27 нигаҳдорӣ мешуд, ба Маркази миллии бемориҳои дили шаҳри Бишкек интиқол дода шудааст.

Вакили дифои ӯ Замир Зоошев гуфт, додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек 25 май дархости онҳоро барои бистарӣ кардани шахси зери ҳимояаш қонеъ кард.

"Як моҳ сипарӣ шуд ва имрӯз вайро ба Маркази миллии бемориҳои дил интиқол доданд", – афзуд вакили дифоъ.

Писари президенти пешини Қирғизистон Қодир Отамбоев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, падараш аз бемории сутунмуҳра, дил ва меъда ранҷ мебарад.

Отамбоев солҳои 2011-2017 президенти Қирғизистон буд. Вай моҳи июни соли 2020 дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани маҳбус Азиз Батукаев ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. 30 ноябри соли 2020 Додгоҳ олии Қирғизистон ҳукми зинаҳои поёниро бекор ва парвандаро ба баррасии иловагӣ фиристод.

Нисбати Отамбоев чанд парвандаи дигар, аз ҷумла ташкили бетартибиҳои оммавӣ, хушунат нисбати корманди мақомоти давлатӣ, фасодкорӣ ва ғайра кушода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.