Муноқишаи гуруҳии мактабхонҳо дар Гипрозем ва ҷаримаи волидони онҳо

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иштирокчиёни муноқишаро дар маҳаллаи Гипрозем муайян карда, 12 нафар волидони мактабхонҳоро ҷарима карданд. Тавре ки маркази матбуоти Раёсат хабар медиҳад, 25 май дар як қатор шабакаҳои интеренетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати муноқишаи як гурӯҳ наврасон инъикос ёфтааст. “Дар зимн шаҳрвандону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсияи […]

Asia-Plus

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иштирокчиёни муноқишаро дар маҳаллаи Гипрозем муайян карда, 12 нафар волидони мактабхонҳоро ҷарима карданд.

Тавре ки маркази матбуоти Раёсат хабар медиҳад, 25 май дар як қатор шабакаҳои интеренетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати муноқишаи як гурӯҳ наврасон инъикос ёфтааст.

“Дар зимн шаҳрвандону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намуданд, то нисбати ҳуқуқвайронкунандагон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, дар ин робита кормандони милитсия як қатор чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида, маълум шуд, ки ҳодисаи мазкур дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт рух дода, як гурӯҳ наврасон – хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ миёни ҳамдигар муноқиша кардаанд, ки дар натиҷа ягон нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ набардоштааст.

Зикр мегардад, ки шахсияти ҳамаи ноболиғони дар ин муноқиша иштирокдошта муайян карда шуда, 12 нафар волидони онҳо мутобиқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ҷарима шуданд.

Дар ин модда огоҳӣ ё ҷарима дар ҳаҷми аз 3 то 7 нишондиҳандаи барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 64 сомонӣ) пешбинӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки 17 май дар яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Турсунзода низ бар асари лату кӯби гуруҳӣ хонандаи синфи 10-уми ин мактаб Шуҳрат Холмуродов осеб дида, дар бемористон бистарӣ шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.