Ҳушдори шаҳрдории Душанбе: Обро ҷӯшонида нӯшед, шабонарӯзи оянда “хлор”-олуд мешавад

Шаҳрдории Душанбе бо нашри як эълон гуфтааст, ки бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии корхонаи обу корези Душанбе аз соати 22:00 шаби 26 май то соати 02:00 шаби 27 май корҳои безараргардониро мегузаронад. Ба гуфтаи ин ниҳод, ин тасмим дар пайи боронгариҳои чанд рӯзи охир рӯи даст гирифта шудааст. Шаҳрдории Душанбе аҳолиро огоҳ […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе бо нашри як эълон гуфтааст, ки бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии корхонаи обу корези Душанбе аз соати 22:00 шаби 26 май то соати 02:00 шаби 27 май корҳои безараргардониро мегузаронад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, ин тасмим дар пайи боронгариҳои чанд рӯзи охир рӯи даст гирифта шудааст.

Шаҳрдории Душанбе аҳолиро огоҳ кардаст, ки дар натиҷаи корҳои безараргардонӣ об тира мешавад, ки он аз ҳисоби истифодаи аз меъёр зиёд гипохлориди натрий аст.

Аз ин лиҳоз, лозим донистем шаҳрвандонро огоҳ созем то дар ҷараён бошанд ва аз истифодаи оби ноҷӯшонда худдорӣ намоянд, – навиштаатс шаҳрдорӣ.

“Хлор”-олуд шудани об дар Душанбе дар ҳолест, ки дар пайи боронгариҳои шадиди рӯзҳои 21-22 май ба бархе кӯча, ҳавливу роҳрав ва таҳхонаи манзилҳои сокинони Душанбе зери об монда, ба роҳҳои автомобилгард баромадани об ҳаракати нақлиётро мушкил карда буд. Маълум мешавад, ки боронгариҳо ба дастгоҳҳои обкашонӣ низ зарар расонидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.