“Душанбе Сити” аз даъвояш нисбати зане, ки банкоматҳояшро шикаста буд, даст кашид

Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Душанбе Сити” тасмим гирифт, ки арзиаашро нисбати ҷавонзане, ки банкоматҳоро шикаста буд, бозпас мегирад ва хароҷоти марбут ба таъмири банкоматҳоро худаш пардохт мекунад. Ҷавонзани 35-солаи сокини ноҳияи Темурмалик бо сабаби надоштани пули нақд дар терминалҳо ду банкомати ширкати “Душанбе Сити”-ро воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар кӯчаи Айни бо санг зада […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Душанбе Сити” тасмим гирифт, ки арзиаашро нисбати ҷавонзане, ки банкоматҳоро шикаста буд, бозпас мегирад ва хароҷоти марбут ба таъмири банкоматҳоро худаш пардохт мекунад.

Ҷавонзани 35-солаи сокини ноҳияи Темурмалик бо сабаби надоштани пули нақд дар терминалҳо ду банкомати ширкати “Душанбе Сити”-ро воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар кӯчаи Айни бо санг зада шикаст. Навори видеои ин амал дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

“Мо аз вазъи зиндагии ин зан огаҳӣ ёфта, тасмим гирифтем, ки аризаамонро бозпас мегирем ва хароҷоти вобаста ба таъмири банкоматҳоро худамон пардохт мекунем”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкати “Душанбе Сити”.

Дар ширкат зикр карданд, ки замони рух додани ҳодиса дар банкоматҳо пул мавҷуд буд.

“Мушкили гирифтани пули нақд дар банкоматҳо ба мушоҳида мерасад ва мо кӯшиш дорем, ки пайваста ва мунтазам зиёда аз 450 банкоматро дар саросари Тоҷикистон бо пул таъмин кунем”, – гуфтанд дар ширкат.

Дар ширкат инчунин сабаби аз банкомат пул гирифта натавонистани ҷавонзанро шарҳ доданд.

“Зан се маротиба пин-кодро нодуруст ворид намуда, пас аз он, ки дастрасӣ ба корт қатъ мешавад, табиист, ки дигар аз он пул гирифта наметавонад. Пас аз се маротиба нодуруст ворид намудани пин-код низоми мо дастрасӣ ба кортро ба муддати 24 соат қатъ мекунад”, – зикр карданд дар бонк.

Ёдрас мекунем, ки кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ин занро рӯзи 24 май боздошт карданд. Мақомоти милитсия барои боз кардани парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 255 КҶ ҶТ (Қасдан нобуд кардан ё зарар расонидан ба амвол) мавод омода мекард.

Аз 10 апрел дар банкоматҳои Тоҷикистон барои гирифтани пул мушкилӣ пайдо шуд. Дар бонкҳо сабаби ин ҳолатро чунин шарҳ доданд, ки қурби рубл нисбати сомонӣ босуръат боло рафта, муштариёни як бонк аз банкоматҳои бонки дигар пули нақд мегиифтанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.