Тоҷикистону Ӯзбекистон корхонаи истеҳсолу атласу адрас месозанд

ҶДММ “Атласи Хуҷанд”-и вилояти Суғд ният дорад, ки бо корхонаи “Кумуш-Сола”-и вилояти Самарқанди кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон корхонаи муштарак таъсис диҳад. Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, корхонаи нав “Самарқанд-Суғд-Силк” ном гирифта, дар ин самт айни замон корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Дар бораи дигар ҷузъиёти таъсиси корхона маълумот дода намешавад. Дар ҳамин ҳол, […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

ҶДММ “Атласи Хуҷанд”-и вилояти Суғд ният дорад, ки бо корхонаи “Кумуш-Сола”-и вилояти Самарқанди кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон корхонаи муштарак таъсис диҳад.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, корхонаи нав “Самарқанд-Суғд-Силк” ном гирифта, дар ин самт айни замон корҳои омодагӣ ҷараён доранд.

Дар бораи дигар ҷузъиёти таъсиси корхона маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки дар давоми 5 моҳи соли равон дар ҶДММ “Атласи Хуҷанд” 20 ҳазор метр атласу адрас истеҳсол шудааст.

Гуфта мешавад, танҳо дар ду моҳи охир истеҳсоли зиёда аз 12 намуди атласи нав ба роҳ монда шудааст.

Хотиррасон мешавад, ки аз 18-уми марти соли 2022 ҳамаи онҳое, ки ба соҳаи атласу адрасбофӣ сарукор доранд, аз тамоми намуди андозҳо озод карда шуда, танҳо андози иҷтимоӣ ва аз даромади шахсони воқеӣ пардохта мешаванду халос. Ин иқдом боз ҳам барои дастгирӣ ва рушди соҳаи мазкур нигаронида шуда, аз ҳар ҷиҳат манфиатҳои бештарро ба бор меоварад.

Атласу адрас як ҷузъи муҳими либоси миллии тоҷикӣ шуморида шуда, натанҳо байни аҳолии маҳаллӣ, балки миёни хориҷиён низ писандидаву талабгорони зиёд дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.