Тоҷикистон ва ИМА густариши ҳамкориҳои низомиро баррасӣ карданд

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 июн дар Қасри миллат бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Майкл Эрик Курилла дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус ҳамкориҳои низомиву амниятӣ баррасӣ гардиданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин, атрофи вазъи кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон, масъалаҳои мубориза алайҳи терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, мубодилаи афкор анҷом доданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Дар бораи дигар ҷузъиёти дидору гуфтушунид маълумот дода намешавад.

Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Майкл Эрик Курилла сеюмин мансабдори воломақоми амрикоӣ аст, ки тайи моҳи ахир аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Аввали моҳи июн намояндаи вижаи ИМА оид ба Афғонистон Томас Вэст зимни сафари нахустини худ ба Тоҷикистон дар ин вазифа бо раҳбарияти кишвар гуфтушунид анҷом дод.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва Томас Вэст “вазъ дар Афғонистон, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ карданд”.

Охири моҳи май ёвари котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу аз чор кишвари Осиёи Марказӣ – Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон боздид намуда, ҳадафи сафар “таҳкими муносибатҳои ИМА бо минтақа ва пешбурди талошҳои муштарак баҳри рушди ҳамкориҳо, таъмини амният ва ба минтақаи шукуфо табдил додани Осиёи Марказӣ” унвон шуда буд.

Бино ба маълумоти расмӣ, шурӯъ аз соли 1992 ИМА ба Тоҷикистон дар бахши амният ба маблағи зиёда аз 330 млн доллар кумак кардааст.

Пеш аз ин ҳайати таҳти раҳбарии Майкл Эрик Курилла аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон боздид кард.

Курилла 1 апрел ба ин мансаб таъин шуда, дар доираи сафари 90-рӯзаи шиносоӣ ба як қатор кишварҳо аз  Миср то Қазоқистон ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ташриф овард.

Дар рӯйхати сафари мансабдори воломақоми низомии амрикоӣ беш аз 20 кишвар зикр шудааст, ки “дар минтақаи таҳти масъулияти Фармондеҳии марказии ИМА қарор доранд”.

Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА ба тарҳрезии амалиёт ва идоракунии артиши Амрико дар Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ ва қисмати шарқии Африқо машғул аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...