Истиқболи гарму самимии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Душанбе

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки бори нахуст дар таърихи худ ба даври финалии Ҷоми футболи Осиё-2023 роҳхат гирифт, дирӯз, 15 июн ба Душанбе баргашт. Тавре ки Федерератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар фурудгоҳи пойтахт футболбозони тоҷикро гарму самимӣ истиқбол намуданд. Даҳҳо намояндагони расонаҳои хабарӣ ва садҳо мухлисон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъ омаданд. Дар фурудгоҳ […]

Asia-Plus

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки бори нахуст дар таърихи худ ба даври финалии Ҷоми футболи Осиё-2023 роҳхат гирифт, дирӯз, 15 июн ба Душанбе баргашт.

Тавре ки Федерератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар фурудгоҳи пойтахт футболбозони тоҷикро гарму самимӣ истиқбол намуданд. Даҳҳо намояндагони расонаҳои хабарӣ ва садҳо мухлисон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъ омаданд.

Дар фурудгоҳ ҳайати дастаро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки бозии даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё байни дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми дирӯз дар Бишкек мусовӣ – 0:0 анҷом ёфта, ба ин тариқ мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳи «F» зинаи якумро ишғол намуд.

Дар бозии дигари ин гуруҳ Сингапур тими Мянмарро бо ҳисоби 6:2 мағлуб кард. Дар ду бозии пешин мунтахаби Тоҷикистон бар тимҳои Мянмар бо ҳисоби 4:0 ва Сингапур – 1:0 дастболо шуда буд.

Ҳамин тариқ, мунтахабҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бо касби 7-имтиёзӣ ба даври финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтанд.

Аз ҳисоби таносуби хубтари тӯбҳо (5-0) мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳ ба зинаи якум соҳиб шуда, дар се бозӣ ба ворид шудани ягон гол ба дарвозааш роҳ надод.

Сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар нишасти матбуотии пас аз вохӯрӣ ба ҷониби Қирғизистон барои дар сатҳи хуби ташкилӣ гузаронидани мусобиқа ва муносибати хуб бо футболбозони тоҷик изҳори миннатдорӣ кард.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт бори нахуст дар таърихи худ ба даври финалии Ҷоми футболи Осиё роҳхат гирифт.

Дар мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё ба ҷуз Тоҷикистон дастаҳои зерин иштирок мекунанд: Ҷопон, Сурия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Ироқ, Уммон, Ветнам, Лубнон, Урдун, Фаластин, Ӯзбекистон, Таиланд, Ҳиндустон, Ҳонконг, Баҳрайн, Малайзия, Қирғизистон ва Индонезия.

Даври финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё аз 16 июн то 16 июли соли 2023 баргузор мешавад. Қарори дар куҷо доир гардидани Ҷоми футболи Осиё-2023 дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 17 октябр қабул мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.