То охири моҳ обуҳавои Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Date:

Рӯзҳои охири моҳи июн дар Тоҷикистон обуҳавои гарми бидуни боришот дар назар буда, танҳо дар минтақаҳои кӯҳистон борону раъду барқ ба амал меояд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

“Ба сурати умум аз 24 июн дар кишвар обуҳавои абрноки тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот ва дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борон (дар ағбаҳо барф), раъду барқ ва баъзан фаромадани туман дар назар аст”, – гуфтанд дар Агентӣ.

Дар Душанбе то охири моҳ ҳарорат рӯзона аз 34 то 40 дараҷа гарм ва дар Ноҳияҳои тобеи марказ – 32-37 дараҷа гарм мешавад. Тавре ки гуфтем, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону раъду барқ ва туман пешбинӣ шудааст.

Дар вилояти Суғд ҳарорат дар рӯзҳои боқимондаи моҳ рӯзона дар сатҳи 35-40 дараҷа гарм боқӣ монда, дар шаҳри Хуҷанд рӯзона бебориш ва 36-38 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ то охири моҳ ҳавои абрноки тағйирёбандаи аксаран бебориш дар назар буда, дар ғарби вилоят рӯзона 25-30 дараҷа, дар шарқи вилоят – 14-19 дараҷа гарм мешавад. Дар Хоруғ ҳавои абрнок ва рӯзона 25-27 дараҷа гарм мешавад.

Дар саросари вилояти Хатлон ҳарорат то 42 дараҷа гарм шуда, дар Бохтар обуҳавои каме абрнок ва бидуни боришот дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои 23 ва 24 июн дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи ҷумҳурӣ бар асари боришот хатари фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...