Теъдоди қурбониёни заминларза дар Афғонистон ба 1500 нафар расид

Ба гузориши шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира теъдоди қурбониёни заминларза дар Афғонистон ба 1500 нафар расида, беш аз 2000 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ин заминларза рӯзи чаҳоршанбеи 22 июн дар ҷанубу шарқи кишвар  рух дод. Он ҳамагӣ чанд дақиқа давом кард, аммо зарари он хеле калон аст. Чандин русто ба таври комил вайрон шуда, одамон то ҳол зери […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Ба гузориши шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира теъдоди қурбониёни заминларза дар Афғонистон ба 1500 нафар расида, беш аз 2000 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ин заминларза рӯзи чаҳоршанбеи 22 июн дар ҷанубу шарқи кишвар  рух дод. Он ҳамагӣ чанд дақиқа давом кард, аммо зарари он хеле калон аст. Чандин русто ба таври комил вайрон шуда, одамон то ҳол зери харобаҳо мондаанд.

Ин офати табиӣ ба чандин вилоятҳо зарари калон расонд.  Бештари хисорот дар Пактико, Нангарҳор ва Хуст мушоҳида шудааст. Танхо дар вилояти Хуст беш аз 600 хона вайрон шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон, ин ҳама қурбонӣ ба ин далел аст, ки замони вуқӯъи заминларза субҳи барвақт будааст. Мардум ҳанӯз дар хоб буданд ва барои тарки хонаҳояшон вақт надоштанд.

Хотирнишон мекунем, ки маркази заминларза дар дуртар аз марз бо Покистон дар умқи 15 километр воқеъ будааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Толибон ваъда дода буд, ки барои осебдидагон 1 миллиард афғонӣ (ҳудуди 11 миллион доллар) ҷудо мекунад. 

Мулло Шарафуддин Муслим, муовини вазири ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки дар ин ҳодиса дастикам 920 нафар фавтида ва 610 нафари дигар захмӣ шудаанд.  Вай афзуд, ки ба хонаводаҳои қурбониён аз ҳукумат 100 ҳазор афғонӣ (1100 доллар) ва барои захмиён 50 000 афғонӣ (550 доллар) кӯмак хоҳанд кард.

Ҳайбатуллоҳ Охундзода, роҳбари гуруҳи Толибон аз сохторҳои байналмилалӣ хостори кумак шуд.

"Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои хайрия ва башардӯстона даъват мекунем, ки дар робита ба ин фоҷеа ба мардуми Афғонистон кумак кунанд ва тамоми талоши худро барои кумак ба мотамдорон ҳарчи бештар ба кор гиранд".

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.