Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар силсиладуздиҳои чорвои калону хурд ду сокини ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) Маҳмадғаюр Ҳабибуллоеви 32-сола ва Қиёмуддин Нуриддинови 36-соларо боздошт намуданд.
Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, онҳо чорвои калону хурду хешовандони худ ва ҳамсояҳоро медуздиданд.
“Инчунин аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии сокинони ноҳияи мазкур насосҳои обкашии барқиро низ тасарруф намудаанд”, – омадааст дар хабари ВКД.
Гуфта мешавад, ин ду нафар дар 7 ҳолати дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаашон 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон вобаста ба далелҳои мазкур нисбати гумонбаршудагон бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.