Дар Тоҷикистон ҳаҷми маоши ҳадди ақал аз $38 то $57 боло рафт

Ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал барои тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон аз имрӯз, 1 июл то 600 сомонӣ (57 доллар) боло меравад. То ин дам ҳаҷми он 400 сомонӣ (38 доллар)-ро ташкил медод. Фармони дахлдори президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора 13 январи соли равон ба имзо расида буд. Мувофиқи ин фармон, аз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал барои тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон аз имрӯз, 1 июл то 600 сомонӣ (57 доллар) боло меравад. То ин дам ҳаҷми он 400 сомонӣ (38 доллар)-ро ташкил медод.

Фармони дахлдори президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора 13 январи соли равон ба имзо расида буд.

Мувофиқи ин фармон, аз имрӯз маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм (ба истиснои кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он), фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда мешаванд.

Андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд ва 366 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

Ғайр аз ин, андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятим ва ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда мешавад.

Стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон) ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 январи соли равон маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 20-25% зиёд карда шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.