Се медали гуштингирони навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё

Алиризо Баҳромов,  варзишгари тоҷик дар рӯзи ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасони то 15-сола медали нуқра ба даст овард. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Алиризо дар вазни -68 кг-и гуштини тарзи озод дар ду давр бар варзишгарони Қирғизистон  ва Қазоқистон ва дар нимфинал бар варзишгари Ҳиндустон ғалаба ба даст оварда, ба […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Алиризо Баҳромов,  варзишгари тоҷик дар рӯзи ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасони то 15-сола медали нуқра ба даст овард.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Алиризо дар вазни -68 кг-и гуштини тарзи озод дар ду давр бар варзишгарони Қирғизистон  ва Қазоқистон ва дар нимфинал бар варзишгари Ҳиндустон ғалаба ба даст оварда, ба даври финалӣ баромад.

Номбурда  дар финал аз варзишгари Эрон Ризо Алиакбар Афшор мағлуб гардида, сазовори медали нуқра шуд.

Ҳамзамон дар мусобиқаи мазкур варзишгар Идрис  Баҳромов, бародари Алиризо  дар вазни -48кг қувваозмоӣ намуд, вале аз медал бенасиб монд.

Ёдрас мекунем, ки дар рӯзи аввали Чемпионат варзишгарони тоҷик ду медал – 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд. Медали нуқраро Исоҷон Нураҳмадов дар вазни -68кг ва медали биринҷиро Муҳаммад Абдуҳакимзода дар вазни -62кг ба даст оварданд.

Бояд гуфт, ки Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U15) ва ҷавонон (U20) дар шаҳри Манамаи Баҳрайн то 10 июл идома меёбад.

Ҳамзамон қувваозмоиҳо миёни наврасон ба анҷом расида, аз имрӯз, 5 июл то 10 июл қувваозмоиҳо миёни ҷавонон баргузор мешавад.

Дар ин синну сол Тоҷикистонро  се варзишгар – Фирӯз Мирзораҷабов (-60кг), Шероз Очилов (-72кг) дар гуштини юнонӣ-римӣ ва Саидасан Ашрафхонов (-74) дар гуштини озод намояндагӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.