Дар як сохтмони Маскав беш аз 60 нафар муҳоҷирон ҷанҷолу занозанӣ карданд

Дар минтақаи саноатии Руднево дар шарқи Маскав беш аз 60 нафар муҳоҷирон бо истифода аз чӯбу дигар пасмондаҳои масолеҳи сохтмон ба ҳамдигар ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. Шоҳидон онро дар видео сабт ва кадрҳои он дар «ВКонтакте» нашр шудааст, хабар медиҳад Lenta.ru. Дар навори видео дида мешавад, ки чӣ гуна муҳоҷирон партовҳои сохтмонро ба сӯи ҳамдигар мепартоянд. […]

Asia-Plus

Дар минтақаи саноатии Руднево дар шарқи Маскав беш аз 60 нафар муҳоҷирон бо истифода аз чӯбу дигар пасмондаҳои масолеҳи сохтмон ба ҳамдигар ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. Шоҳидон онро дар видео сабт ва кадрҳои он дар «ВКонтакте» нашр шудааст, хабар медиҳад Lenta.ru.

Дар навори видео дида мешавад, ки чӣ гуна муҳоҷирон партовҳои сохтмонро ба сӯи ҳамдигар мепартоянд. Аксарияти иштирокчиёни ҷанҷол бо чӯбу оҳану бетон ва ҳар чизи дигаре мусаллаҳанд.

Раҳгузарон баъдан нақл кардаанд, ки як гуруҳи сохтмончиён бекор истода, гуруҳи дигар тамоми корро ба ҷойи онҳо ба охир мерасонидаанд. Ба ақидаи онҳо, маҳз ҳамин омил боиси сар задани муноқиша шудааст.

Ҳоло маълум нест, ки муҳоҷирон аз кадом кишварҳоянд. Ба мақомоти пулиси пойтахт дар бораи муноқиша ва осебдидагон маълумоте нарасидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.