Палатаи ҳисоб 158,8 млн сомонӣ зиёни молиявӣ ошкор кард

Date:

Дар ҷараёни баргузории қариб 90 санҷиши аудиторӣ Палатаи ҳисоб ба маблағи 158,8 млн сомонӣ қонуншиканиҳои молиявиро ошкор кард, ки 75,6 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соои гузашта мебошад, ҳарчанд санҷишҳо имсол 52 адад камтар буданд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотии имрӯз, 14 июл, раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз маблағи умумии қонуншиканиҳои молиявӣ 13,9 млн сомонӣ хароҷоти ғайриқонунии маблағҳои пуливу молиявӣ, 1,2 млн сомонӣ – камомад ва азхудкунии маблағҳои пуливу молиявӣ, 9,1 млн сомонӣ – барзиёд нишон додани арзиши корҳои таъмиру сохтмон, 456,6 ҳазор сомонӣ – зиён аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, 65,3 млн сомонӣ – талафоти маблағҳои пуливу моддӣ, 15 млн сомонӣ – пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ, 1,6 млн сомонӣ –  фоидаҳои пардохтнашуда аз рӯи саҳмияҳои давлатӣ мебошанд.

Раиси Палатаи ҳисоб таъкид дошт, ки 99,2% аз ҳаҷми умумии зиёни молиявии расида ҷуброн шудааст.

“Ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳои молиявӣ тадбирҳо андешида шуда, 157,6 млн сомонӣ барқарор карда шуд, ки 99,2% аз маблағи умумии қонуншиканиҳои молиявиро ташкил медиҳад, – изҳор дошт ӯ. – Аз ин маблағ 66,6 млн сомонӣ дар буҷети давлатӣ, 85,1 млн сомонӣ – дар корхонаву муассисаҳо ва 6 млн сомонӣ – тариқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барқарор карда шуд”.

Зимнан зикр шуд, ки барои баҳодиҳӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ дар 63 сохтори вазорату кумита ва корхонаву ташкилотҳои давлатӣ санҷишҳои аудиторӣ гузаронида шудаанд. Дар ҷараёни он ба маблағи 86,4 млн сомонӣ қонуншиканиҳои молиявӣ ошкор шуда, аз ин миқдор 85,3 млн сомонӣ ё худ 98,7%-и он барқарор карда шудааст. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...