Палатаи ҳисоб 158,8 млн сомонӣ зиёни молиявӣ ошкор кард

Дар ҷараёни баргузории қариб 90 санҷиши аудиторӣ Палатаи ҳисоб ба маблағи 158,8 млн сомонӣ қонуншиканиҳои молиявиро ошкор кард, ки 75,6 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соои гузашта мебошад, ҳарчанд санҷишҳо имсол 52 адад камтар буданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии имрӯз, 14 июл, раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода хабар дод. Ба гуфтаи […]

Дар ҷараёни баргузории қариб 90 санҷиши аудиторӣ Палатаи ҳисоб ба маблағи 158,8 млн сомонӣ қонуншиканиҳои молиявиро ошкор кард, ки 75,6 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соои гузашта мебошад, ҳарчанд санҷишҳо имсол 52 адад камтар буданд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотии имрӯз, 14 июл, раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз маблағи умумии қонуншиканиҳои молиявӣ 13,9 млн сомонӣ хароҷоти ғайриқонунии маблағҳои пуливу молиявӣ, 1,2 млн сомонӣ – камомад ва азхудкунии маблағҳои пуливу молиявӣ, 9,1 млн сомонӣ – барзиёд нишон додани арзиши корҳои таъмиру сохтмон, 456,6 ҳазор сомонӣ – зиён аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, 65,3 млн сомонӣ – талафоти маблағҳои пуливу моддӣ, 15 млн сомонӣ – пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ, 1,6 млн сомонӣ –  фоидаҳои пардохтнашуда аз рӯи саҳмияҳои давлатӣ мебошанд.

Раиси Палатаи ҳисоб таъкид дошт, ки 99,2% аз ҳаҷми умумии зиёни молиявии расида ҷуброн шудааст.

“Ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳои молиявӣ тадбирҳо андешида шуда, 157,6 млн сомонӣ барқарор карда шуд, ки 99,2% аз маблағи умумии қонуншиканиҳои молиявиро ташкил медиҳад, – изҳор дошт ӯ. – Аз ин маблағ 66,6 млн сомонӣ дар буҷети давлатӣ, 85,1 млн сомонӣ – дар корхонаву муассисаҳо ва 6 млн сомонӣ – тариқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барқарор карда шуд”.

Зимнан зикр шуд, ки барои баҳодиҳӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ дар 63 сохтори вазорату кумита ва корхонаву ташкилотҳои давлатӣ санҷишҳои аудиторӣ гузаронида шудаанд. Дар ҷараёни он ба маблағи 86,4 млн сомонӣ қонуншиканиҳои молиявӣ ошкор шуда, аз ин миқдор 85,3 млн сомонӣ ё худ 98,7%-и он барқарор карда шудааст. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.