Вазорати молия: Ҳаҷми ММД дар Тоҷикистон афзуд

Дар зарфи 6 моҳи соли 2022 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 46,2 млрд сомониро ташкил дод. Дар ин бора имрӯз, 18 июл зимни нишасти матбуотӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод. Ӯ зикр кард, ки ҳаҷми умумии воридот ба буҷет бо назардошти маблағҳои ҷалбнамудаи молиявӣ, ки барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ пешбинӣ шудааст […]

Фозилҷон Фатҳуллоев, Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи соли 2022 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 46,2 млрд сомониро ташкил дод. Дар ин бора имрӯз, 18 июл зимни нишасти матбуотӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод.

Ӯ зикр кард, ки ҳаҷми умумии воридот ба буҷет бо назардошти маблағҳои ҷалбнамудаи молиявӣ, ки барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ пешбинӣ шудааст ва маблағҳои махсуси мақомоти давлатӣ ба миқдори 102% иҷро шуда, 15,1 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ 7,3 млрд сомонӣ, аз ҳисоби фаъолияти иқтисодӣ – 3,4 млрд сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ – 1,2 млрд сомонӣ ба буҷет ворид шудааст.

Нақшаи буҷети Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли 2022 ба андозаи 4,2% ва нақшаи буҷети минтақавӣ – 5% барзиёд иҷро шудааст. Ба буҷет мутаносибан 6,3 ва 3,8 млрд сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

Хароҷот бо соҳаҳо дар ним сол тариқи зайл аст: 591,2 млн сомонӣ ба мақомоти идоракунӣ, 2,8 млрд сомонӣ – ба соҳаи маориф, 1,1 млрд сомонӣ – тандурустӣ, 813,9 млн сомонӣ – хароҷоти коммуналӣ, 465,8 млн сомонӣ – ба бахшҳои фарҳангу варзиш, 2,4 млн сомонӣ – сӯзившорӣ ва энергетика, 361,4 млн сомонӣ – бахши кишоварзӣ, 100 млн сомонӣ – сохтмон ва саноат, 925,1 млн сомонӣ – нақлиёт ва коммуникатсия.

Ҳамчунин вазир хабар дод, ки то 1 июли соли 2022 қарзи давлатии Тоҷикистон ба 3,7 млрд доллар расида, нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 46,3%-ро ташкил медиҳад.

Қаҳҳорзода зикр кард, ки бо мақсади иҷрои саривақтии уҳдадориҳои давлат аз ҳисоби буҷет ба қарздиҳандагони хориҷӣ дар маҷмӯъ 1,3 млрд сомонӣ, аз ҷумла 926 млн сомони қарзи асосӣ ва 428 млн сомонӣ – фоизҳои он пардохт шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.