Равуои автобусҳо аз Ӯзбекистон ба Маскав, Санкт-Петербург ва Қазон барқарор шуд

Аз 18 июл рауои автобусҳо аз Ӯзбекистон ба шаҳрҳои Русия дубора аз сар гирифта мешавад, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Фергана” бо истинод ба дафтари матбуоти Вазорати нақлиёт. Дар марҳилаи аввал хатсайрҳо аз Тошканд ба Маскав, Санкт-Петербург ва Қазон ҳафтае ду маротиба аз ҷониби ширкати Uzautotrans Service бо автобусҳои тамғаи Yutong ба иҷро расонида мешаванд. Автобуси хатсайри […]

Аз 18 июл рауои автобусҳо аз Ӯзбекистон ба шаҳрҳои Русия дубора аз сар гирифта мешавад, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Фергана” бо истинод ба дафтари матбуоти Вазорати нақлиёт.

Дар марҳилаи аввал хатсайрҳо аз Тошканд ба Маскав, Санкт-Петербург ва Қазон ҳафтае ду маротиба аз ҷониби ширкати Uzautotrans Service бо автобусҳои тамғаи Yutong ба иҷро расонида мешаванд.

Автобуси хатсайри Тошканд – Маскав рӯзҳои душанбе ва ҷумъаи ҳафта соати 12:00 ба роҳ мебарояд. Билет 1 млн сӯм (ҳудуди 90 доллар) нарх дорад.

Бо хатсайри Тошканд – Қазон автобус рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соати 11:00 ба сафар баромада, арзиши билет 800 ҳазор сӯм (73 доллар) аст.

Сафарҳои хатсайри автобуси Тошканд – Санкт-Петербург рӯзҳои чоршанбе ва шанбе муқаррар шуда, роҳкирои он 1,25 млн сӯм (114 доллар) нарх дорад.

Қобили зикр аст, ки қатораҳои байнулмилалӣ аз Ӯзбекистон ба Русия аз охири моҳи июн ба равуо оғоз намуданд. Рӯзи 23 июн қатораи мусофирбари Тошканд – Самара ва 25 июн – аввалин қатораи Тошканд – Волгоград тайи ду соли ахир ба роҳ баромаданд.

Ёдрас мекунем, ки аз 15 июл ҳамаи маҳдудиятҳои санитарии марбут ба вуруд бо роҳи заминӣ ба Русия бекор карда шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.