Дар роҳи Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шуд

Date:

Дар яке аз қитъаҳои хавфноки роҳи мошингарди Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва амнияти мусофирон ҳукумати ноҳияи Айнӣ ситоди шабонарӯзӣ ташкил кард. Ин ситод пас аз садамаи автомашиаи боркаш роҳандозӣ шуд.

Тавре ки ҳукумати ноҳияи Айнӣ хабар медиҳад, қитъаи аз 20 то 24-ум километри роҳ хеле ноҳамвор ва душворгузар буда, дар он хавфи фаромадани ярчу сел вуҷуд дорад.

“Ситод бехатарии ҳаракат дар роҳро назорат мекунад, – шарҳ медиҳанд дар ҳукумати ноҳия. – Ба он ҷо техника бурда шуда, дар сурати зарурат барои тозакунии роҳ истифода мешавад”.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видео нашр шуд, ки дар он як автомашинаи боркаш дар миёнаи дарёи Зарафшон қарор дошта, бо маҷрои об меравад ва ҳарчи бештар ба умқи он меравад.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Ин ҳодиса рӯзи 4 июл дар километри 24-уми роҳи мошингарди Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ рух дода, ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Айнӣ, автомашинаи тамғаи Shacman зери идораи ронанда Қурбоналӣ Салимов ангишт мекашонидааст.

Вақте ки автомашина ба дарё сарозер мешавад, ронанда саривақт аз он баромада наметавонад.

Хабарнигори газетаи маҳаллии “Файзи Зарафшон” Наҷибулло Ҳомидҷон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки бар асари болоравии мавсимии об дар дарёи Зарафшон, қитъаи аз 22 то 24-ум километри роҳ байни деҳаҳои Рарз ва Похут ҳамасола вайрон мешавад.

“Роҳ барои автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷми “Дулан”, ки шабонарӯзӣ ангишт мекашонанд, пешбинӣ нашуда, пулҳо ба вазни онҳо тобовар нестанд. Бо вуҷуди ин, кашонидани ангишт тариқи ин роҳ идома дорад”, – навиштааст ӯ.

Роҳи мошингарди Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ дар тавозуни Вазорати нақлиёт қарор дошта, ба ақидаи рӯзноманигор, бо назардошти аҳаммияти умумидавлатӣ доштани он, ба вазъияти роҳ таваҷҷуҳи бештар мебояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...