Дар раддабандии нави созмони Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал), ки мизони фасоди молиро дар кишварҳои ҷаҳон "чен" мекунад, соли 2020 Тоҷикистон дар ҷойи 149-ум (дар миёни 180 кишвар) қарор гирифтааст.
Мақоми Тоҷикистон дар раддабандии солона бе тағйир мемонад. Соли гузашта ҳам кишвар 25 бал дошт. Мо сатҳи се соли ахири фасод дар Тоҷикистонро ҳисоб кардем.
* Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.